Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Рушди сайёҳӣ - омили пешрафти ҷомеа»

1822Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаъраифату меҳмонавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳо оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳӣ мебошад.

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурир Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон).
Таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи сайёҳӣ ба кишварҳое равона гардидааст, ки мероси бою пурғановати фарҳангӣ, таърихӣ ва табиӣ, инфрасохтори рушдкардаи сайёҳӣ доранд. Тоҷикистон дар ин миён ба дастовардҳои беандоза зиёди мероси фарҳангӣ, таърихӣ ва табиӣ набояд дар канор монад. Таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба омӯзиш, ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ, табиӣ ва таърихӣ, азхудкунии ҳарчи бештари онҳо ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, тарбияи баланди соҳавӣ метавонад сайёҳиро ба яке аз манбаҳои боэътимоди даромади миллӣ табдил диҳад.
Тоҷикистон дорои ҳудудҳои нодири фарҳангӣ ва табиӣ, аз қабили шаҳрҳои қадима ва маҷмааҳои меъморӣ таърихӣ, мавзеъҳои нодири таърихӣ ва табиӣ, обҳои шифобахш, олами нотакрори наботот ва ҳайвонот буда, миёни кишварҳои ҷаҳон бо таърихи кӯҳанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ба куллӣ фарқ мекунад.
Ҷумҳури Тоҷикистон дар қиёс бо баъзе мамлакатҳои дигари ҷаҳон манзараҳои аҷибе дорад, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Тоҷикистон дар қатори кишварҳоие ҷой дорад, ки метавонад аз намуди туризми кӯҳсор даромади зиёд ба даст орад, зеро 93 фисади ин сарзаминро кӯҳсор ташкил кардаасту табиати такрорнашаванда дорад.
Марказҳои курортии Тоҷикистон хусусиятҳои табобатӣ ва шифобахшӣ дошта, барои илоҷи бемориҳо тавсия дода мешавад.
Табиати биҳиштосои ватанамон аз назари сайёҳон пинҳон намондааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон, сайёҳиро яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ ном мебарад. Ин беҳуда нест. Зеро дар қаламрави Тоҷикистон 900 геокомплекси табиӣ бо 40 намуди ландшафт мавҷуд аст.
Мавҷудияти ёдгориҳои таърихию меъморӣ ва иқлими муъҷизаосои табиати кишварамон ба мо имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон якчанд намуди бахшҳои туризмро инкишоф диҳем. Инчунин дар кишвари кӯҳсори мо имкони васеи рушди кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳӣ-варзишӣ ва экологӣ, варзишӣ-лижаронӣ, шикор (интерохота), саёҳати таърихӣ-маърифатӣ ва мардумшиносиву истироҳат дар осоишгоҳҳои табобатӣ фароҳам аст. Ҳоло ки рақобат дар бозори ҷаҳонии ҷаҳонгардӣ пурзӯр гаштааст, муаррифии кишвар баҳри ҷалби сайёҳони хориҷӣ хеле зарур аст. Хушбахтона, дар ҷумҳурӣ солҳои охир таваҷҷуҳ ба ин масъалаи муҳим зиёд гаштааст.
Рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти фаровон дорад ва мо боварӣ дорем, ки ин соҳа дар оянда ба яке аз соҳаҳои афзалятноки хоҷагӣ табдил хоҳад ёфт.

 

Ибрагимов Бахтиёр, омӯзгори Коллеҷи милитсияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика