Бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои буду бош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Россия Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москва аз Федератсияи Россия ронда шуд.
Номбурда, ки қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
Бояд қайд намуд, ки Холов И.А. дар Федератсияи Россия бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони пулиро гирифта аз худ кардааст.
Онҳое, ки дучори қаллобии Холов И.А. гардидаанд, хоҳиш менамоем ба телефони «Боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21 занг зананд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>