Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоиши илмӣ бахшида ба «Рӯзи Модар» дар РВКД ВМКБ

1643

Таҳти унвони «Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, шафқати беканор, нури ҳар як хонадон» бахшида ба «Рӯзи Модар», дар бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуд.
Чорабинии тантанавиро сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод оғоз намуда, аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон занону модаронро ба Рузи Модар табрику таҳният намуд.
Таъкид шуд, ки модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад. Дар ситоиши зан-модар то имрӯз ҳазорҳо асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳам чун фарди озоданажоди озодихоҳ, зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.

1644

Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари давлат омадан ба ин олиҳаи зиндагӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд. Пешвои миллат зикр дошт, ки ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба занону модарон сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад. Зикр дошт, ки дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат-ҷашни фархундаи «Рӯзи Модар» рост меояд, ки ин аз бузургии зан-модар шаҳодат медиҳад. Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад ва нахустин сухан ва гузоштани аввалин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад. Қайд гардид, ки занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаршу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия кардани ҷигарбандон ва бедор сохтани ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ сарзовори эҳтироми аҳли ҷомеа мебошад. Дар идомаи суханронии худ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори дигар занону бонувони фаъоли вилоятро ба Рӯзи модар муборакбод намуд.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов иштирокдорони чорабиниро ба Рӯзи Модар табрик намуда, қайд дошт, ки шуҷоату мардонагии занону бонувони тоҷик дар таърихи чандинҳазорсола боиси таҳсину офарин мебошад. Маҳз ба хотири бузургии модарон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш зикр доштанд, ки «Модар офарандаи ҳаёт, пайвандагари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир мардуми тоҷик ва умуман аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд".
Раиси вилоят Ёдгор Файзов ҳамчунин қайд намуд, ки фаъолияти занон дар мақомотҳои гуногун назаррас арзёбӣ гардида, меҳнати шабонарӯзии ин кормандзанон боиси ифтихор аст. Роҳбарияти вилоят нақши занону модаронро дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому осуда дар хонавода бисёр муҳим хонда, онҳоро посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ унвон кард.
Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода бо ёдоварӣ аз қаҳрамониҳои занони тоҷик дар "Шоҳнома"-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ баромад намуда, зикр дошт, ки таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону духтарон беш аз пеш зиёд гардида, имрӯзҳо сафи бонувони тоҷик дар самтҳои мухталиф шоистаи таҳсин мебошад. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар навбати худ хозиринро ба Рӯзи Модар табрик намуда, қайд дошт, ки занону модарони мо нигаҳдорандаву давомдихандаи бехтарин анъанаҳо ва оинҳои асилу деринаи халқамон, хусусан дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони ба одобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер мебошанд. Ҳар як шахс модарро мисли ҷони худ ва ҳамчун зиннату сафои зиндагӣ дуст медорад, азиз мешуморад ва ҳурмату эхтиромашро ба чо меорад.
Дар ҳамоиши илмӣ сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Меликзода Маҳмад Имом ҳозиринро ба ин рӯз табрик намуда, аз суханони шоирону нависандагон бобати бузургии зан-модар иқтибосҳо овард. Номбурда аз таърихи рӯзи байналхалқии занон ёдрас шуда, таъкид намуд, ки аввалин зане, ки барои ҳифзи озодии занон мубориза намудааст Клара Сеткин мебошад. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ бобати боло бурдани мақому мартабаи зан-модар як қатор барномаҳои давлатиро барои фаъол гардонидани нақши занон дар ҷоме роҳандозӣ кардааст, ки сафи бонувон дар радифи мардон дар пешрафту тараққиёти кишвар шоистаи таҳсин мебошад.
Дар ҷараёни ҳамиоиши илмӣ дар мавзӯи «Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, шафқати беканор, нури ҳар як хонадон» шоири ширинкалому шуҳратёри «Боми ҷаҳон» Лаълҷубаи Мирзоҳасан аз ашъори рангини хеш, ки дар васфи ин олиҳаи зиндагӣ ва фариштаи ҳаёт тоза эҷодаш намудааст, таваҷҷуҳи бонувонро ба сӯй худ ҷалб сохт. Қайд дошт, ки зан-модар бо як дасташ агар гаҳвораро ҷунбонад бо дасти дигараш дунёро такон дода, риштаи ҳаёти зиндагиашро ба таълиму тарбия ва ба камол расонидани фарзандонаш бахшидааст.

16451646164716481649

Зан-модар дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ дониста мешавад, зеро ин олиҳаи зебоӣ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс дар зиндагӣ ба шумор меравад. Ҳоким Қаландариён директори Инсититути илмҳои гуманитарии Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Баҳодур Искандаров занону бонувонро ба Рӯзи модар таҳният гуфта, ба онҳо пеш аз ҳама тансиҳатию хонаободӣ таманно кард. Номбурда аз фалсафаи зан-модар сухан карда, бо далелҳои илмӣ онро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод. Қайд дошт, ки модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши ҷигарбандаш заҳмат кашида, намегузорад, ки фарзандаш ранҷу азоб бинад. Дар чорабинӣ фаъолзанони вилоят, инчунин ҷавонони фаъол бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво аз бузургии зан-модар ҳарф зада, бо шеърҳои тараннумкунадаи ин олиҳаи зиндагӣ хотири ҳозиринро шоду масрур гардониданд. 

Дар ҳамоиш ба як зумра гурдофаридҳои раёсат, ки дар фаъолияти шабонарӯзиашон ба дастовардҳои арзишманд комёб шудаанд, аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ бо рутбаҳои навбатӣ, Ифтихорномаю Сипоснома ва нишони сарисинагӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон фаъолзанони идораю муассисаҳои ҳудуди шаҳри Хоруғ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маблағи пулӣ қадршиносӣ шуданд.
Аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокурори ВМКБ Орифзода Парвиз Рустам ба занони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тӯҳфаҳои пулӣ тақдим гардид. Гурдофарони замон аз дастгирию ғамхории давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора сипосгузор буда, ба савганди ёдкардаи худ ҳамеша содиқ мебошанд.
Дар анҷоми ҳамоиши илмӣ аз тарафи тарбиятгирандагони Мактаби мусиқии ноҳияи Рӯшон, ки дар озмуни "Тоҷикистон - ватани азизи ман" ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, бо барномаи рангини худ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд.

Далер Чоршанбе, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика