Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили ҷашни Рӯзи Модар дар СХДО ВКД

820

Бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи Модар рӯзи 6-уми марти соли 2021 дар Сарраёсати ҳадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии бошукӯҳ бо иштироки кормандзанони хадамот, собиқадорону меҳмонон ва санъаткорону ҳаваскорон доир гардид. 

Чорабинии тантанавиро бо суханони табрикотӣ сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода ифтитоҳ намуда, ҳамаи кормандзанони хадамотро, ки теъдодашон дар Сарраёсат 68 нафару ҳамагӣ дар хадамот 384 нафар мебошанд ва дар шахсияти онҳо тамоми занони мақомоти корҳои дохилию сохторҳои қудратӣ ва бонувони ҷумҳуриро бо иди зебову фараҳбахш - Рӯзи Модар табрику муборкбод намуда, ба ҳар кадоми онҳо тансиҳативу саодатмандӣ бахту иқболи баланд ва шодкомию хушрӯзиҳо таманно намуд.
Сардори Сарраёсат инчунин иброз намуд, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва сохторҳои қудратӣ ногузир медонад. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо ва заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд. Саҳми занон-кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар, аз он ҷумла, соҳаи оташнишонӣ низ вобаста ба самтҳои фаъолияташон дар таҳкими қонуният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ бузург аст. Гарчанде, ки мақомоти корҳои дохилӣ сохтори низомӣ буда, фаъолияти занон дар ин соҳа мушкилиҳои зиёде дорад, бо вуҷуди ин, занон дар баробари мардон дар вазифаҳои масъул софдилона ва содиқона хизмат карда истодаанд, ки боиси ифтихори мо- мардон мебошад. Бояд қайд кар, ки Иди Модар ҳамҷӯру тавъам бо фасли баҳорон буда, чеҳраи рангини замину замон, шукуфтани гулу лола, ёсуману райҳон, нағмаи мурғони хуш илҳом, навои дилнавози обшорон, резиши борони баҳорон, хандаҳои беғаши кӯдакон, табассумҳои ширини гулдухтарон гӯё ҳама пайку навид ва сари таъзим ба Модар аст ва армуғони шодӣ ба ин олиҳаи замон меоранд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, бори дигар Шумо-модарону хоҳарон ва фарзандони азизу гиромиқадрро ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳатон Рӯзи Модар ва фарорасии иди бузурги суннатиамон–Наврӯзи Аҷам, ки пас аз чанде бо қудуми фархундаи худ диёри биҳиштосои моро боз ҳам мунаввар месозад, самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ, рӯзгори хӯшу осуда, комёбиҳои беназир дар кору фаъолият ва фатҳи қуллаҳои баланди касбиро орзу менамоям-афзуд Бахтиёр Умарзода.
Маърӯзачиёни дигари Сарраёсат ҳам дар баромадҳои худ саранҷом аз бузургии зан-модар ва нақши бузурги ӯ дар саҳнаи зиндагӣ ёд карда, матонату иффати зан-модар васф карданд.

821822

Сипас, барномаи махсусӣ консертии идонаи санъаткорони хадамот ва саҳначаҳову барномаи фарҳангии аз ҷониби курсантони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода карда манзури тамошобинон гардонида шуд.
Дар интиҳо ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ ба дастархони идонаи аз тарафи роҳбарияти Сарраёсати ҳадамоти давлатии оташнишонӣ омода карда, даъват карда шуданд.
Воқеан ҳам саҳми зан-модар дар саҳнаи зиндагӣ хеле бузург аст.
Зиҳӣ зани тоҷик, ки имрӯз баробари мардон дар тамоми соҳаҳои ҷомеа фаъолият дориву пирӯзӣ насибат гардид!

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД

 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика