Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ронанда дар натиҷаи бархӯрди ду воситаи нақлиёт

Рӯзи 5-уми марти соли 2021, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хафей”, Саидов Азизулло Умарович, соли таваллудаш 1959, сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди маҳаллаи Нонбойи поёни шаҳри мазкур дар сероҳа ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Розиқов Давлатмурод Исроилович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Кӯлоб, ки дар роҳи худаш аз самти бозори марказии шаҳри Кӯлоб ба самти даромадгоҳи ҳамин шаҳр ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, автомашинаи тамғаи “Хафей” чаппа шуда, ронандаи автомашинаи мазкур Саидов А.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика