Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЗАН: Шарики зиндагонӣ ва ёри соатҳои дармондагӣ

1625

Ҳамасола вобаста ба баланд бардоштани мавқеи занону бонувон аз тарафи роҳбарияти олии мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақоми занон, рӯзи 5-уми март дар Раёсати тиббии ВКД бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии ин раёсат иштирок намуданд.

Дар рафти баргузории ин чорабинӣ, сардори раёсати мазкур полковники хизмати дохилӣ Рустамзода Хурсандбек Маҳмадалӣ кормандзанони Раёсати тиббиро ба муносибати ин ҷашн муборакбод намуда, аз хизматҳои арзандаи онҳо ёдовар шуд. Номбурда иброз дошт, ки занону бонувони мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан кормандзанони Раёсати тиббӣ вазифа ва уҳдадориҳояшонро дар як марҳилаҳои муҳим барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, авҷи бемории коронавирус сарбаландона иҷро намуданд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад.
Мавсуф доир ба мақому манзалати зан дар пешрафти ҷомеа андешаронӣ намуда, зикр кард, ки мақоми зан-модар зери таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Ҳамчунин, ба хотири гиромидошти Рӯзи Модар Раёсати тиббӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва роҳбарияти Раёсати тиббӣ ба кормандзанони ин ниҳод барои хизматҳои софдилона ва содиқона, малакаи баланди касбӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ, доштани интизоми намунавӣ, иштироки фаъолона дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бо нишонҳои сарисинагии "Барои хизматҳои аъло дар ВКД", "Милитсияи Тоҷикистон», «Аълочии милитсия», Раҳматнома, Сипоснома ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

16261627162816291630

Ҳамчунин, дар ин рӯз барои болидахотирии ҳайати шахсии Раёсати тиббӣ барномаи фаҳангию фароғатӣ, ки дорои саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва рақсу сурудхонӣ буд, манзури иштирокчиён гардонида шуд.

Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика