Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода мебарем!

1620

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониашон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон вобаста ба истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида, корам ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ, дурусту оқилона истифода бурдани заминҳо ва рӯёнидани 3-4 ҳосил дар як сол, инчунин ғанӣ гардонидани бозорҳо аз маҳсулоти тару тозаи ватанӣ чунин қайд намуда буданд: «Бинобар ин, бори дигар роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор менамоям, ки фаъолияти худро доир ба корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар хусуси истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан, заминҳои Президентӣ, ташкили гармхонаҳо ва баланд бардоштани маданияти истифодаи замин тақвият бахшанд».

1621

- Ҳайати шахсии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат камари ҳиммат бастааст. Бо саъю кӯшиш ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро пайваста ҷиҳати пешрафти самти фаъолият ва ба дастовардҳои нав ноил гардидан корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудааст, - мегӯяд сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД полковники милитсия Юнус Бобозода Назар.
Тавре мавсуф зикр кард, имрӯз бо дастгирии ҳамешагии роҳбарияти ВКД тамоми бахшҳои раёсат, аз ҷумла шуъбаҳои таъминоти озуқаворӣ, сару либос, коргоҳи дузандагӣ, хоҷагиҳои ёрирасон ва дигар бахшҳо дар самти фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас доранд. Ҳайати шахсии раёсат дар баробари иҷрои саривақтии вазифаҳои хизматӣ, ҳамзамон баҳри ободониву сабзу хуррам гардонидани атрофи бино ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Онҳо заминҳои дар шафати раёсатбударо, ки солҳои дароз бекор хобида буданд, нарм сохтанд.
Аз аввали сол то ба имрӯз дар заминҳои ҳудуди раёсат зиёда аз 340 ниҳоли мевадиҳандаи себ, олу, гелос, хурмо ва дигар дарахтон шинонида шудааст. То кунун дар заминҳои дохили раёсат дар масоҳати 6 сотих як сардхона фаъолият мекунад, ки дар он сабзавоту кабудиҳо, аз ҷумла помидор, бодиринг, сирпиёзу гашнич парвариш мегарданду барои таъминоти ҳайати шахсӣ равона карда мешаванд. Бо дастгирии роҳбарият ва саҳмгузории кормандони раёсат дар шафати сардхонаи пешин боз як лимухона дар масоҳати 3 сотих бунёд шуда истодааст, ки аллакай дар он 40 ниҳоли лиму шинонида шудааст. Парваришу нигоҳубини онҳо таҳти назорати доимии мутахассисони соҳа қарор дорад.
Баҳри самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини бекорхобида, бо ташаббуси роҳбарият ва корҳои ободонии дастаҷамъонаи ҳайати шахсӣ то ба имрӯз ба масоҳати 30 сотих заминҳои бекорхобида, ки пур аз сангу шағал буданд, чанд маротиба тоза ва бо пору коркард шуда, дар он зиёда аз 200 кг картошка кошта шудааст.
Дар умум, бо ҳиссагузории кормандони ниҳод 50 сотих замини бекорхобидаи ҳудуди раёсат коркард шудааст, ки мавриди истифодабарии самаранок қарор доранд.

162216231624

Бояд қайд кард, ки дар баробари ҳамаи корҳои баанҷомрасонидашуда, ҳамзамон дар ҳудуди заминҳои раёсат зиёда аз 200 гули ороишӣ, дар масоҳати 70 сотих газон кошта шудааст.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомӣ дар партави сиёсати хирадмандонаю созандаи Сарвари давлат ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон ва оромиву осоиштагии давлату миллати сарбаландамон бо тамоми нерӯву малакаи касбӣ хизмат хоҳем кард.
Онҳо дар баробари иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, пайваста дар ободонии раёсат ва гирду атрофи он ҳисса гузошта, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим бетараф нестанд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика