Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд

1616

Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд ва собиткунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он ба ҳисоб меравад. 

Имрӯзҳо аз тарафи кормандони ХШБ Раёсати ВКД ва Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, бо мақсади таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, литсейҳо ва гимназияҳо бо шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.
Кормандони ин бахш дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД, саривақт бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани шаҳрвандон тамоми малакаи касбии худро равона менамоянд.

161716181619

Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 1354-адад муассисахои таълимӣ ба қайд гирифта шудааст. Инчунин дар ин муддат аз тарафи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигаронии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ” ва то соли 2016 ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат намудаанд, бо шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва баҳри таъминии иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” дар ҳамаи ҷамоатҳо шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодаанд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика