Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

То ки ҳастам модаро, меҳри ту дар ҷони ман аст!

1611

Рӯзи 5-уми март дар Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД бахшида ба «Рӯзи Модар» чорабинӣ доир гардид, ки дар он роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва кормандзанони Коргоҳи дӯзандагии ин раёсат иштирок намуданд.
Нахуст муовини сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД полковники милитсия Саидзода Абдуқаюм Ҳалим занону бонувон ва дар симои онҳо аҳли оилааи кормандонро ба муносибати ҷашни Модарон самимона таҳният гуфта, борояшон умри дароз, сиҳативу саломатӣ, хушиҳои рӯзгор, ободии хонадон ва дар кору фаъолияти хизматӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Иди модарон дар рӯзҳое таҷлил мегардад, ки ба сарзамини биҳиштосои мо фасли зебои сол - баҳор ва Наврӯзи Аҷам қадам ранҷа мекунад. Фарорасии ин ҷашнҳо, ки ба худ таърихи хосса доранд, аз ҳар ҷиҳат барои сокинони кишварамон хотирмон ва фаромӯшнашаванда мебошад, зеро зан ва баҳор рамзи зебоӣ, ободию шукуфоӣ ва идомаи ҳаёти инсон мебошанд.
Хушбахтии ҳаёт, зебоӣ, гармӣ ва рӯшании рӯзгори мо маҳз аз шарофати зан-модар, идомадиҳандаи насли инсонҳо сарчашма мегирад, ки дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ дастгиру мададгори мардон ҳастанд.

16121613

Бузургии зан-модар дар рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагию бунёдкории ӯ таҷассум меёбад. Зеро дар ҳама давру замон занон бо хислати наҷиби тарбиятгарии худ ҳамеша ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу ваҳдат, дӯст доштани Ватан, инчунин ба кору амалҳои неку созанда даъват мекарданд ва имрӯз низ ин рисолатро онҳо ба зиммма доранд.
Ба андешаи Абдуқаюм Саидзода, бо мақсади боло бурдани мавқеи занон дар ҷомеа пайваста аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукуат тадбирҳои судманд андешида шуда, онҳо дар баробари мардон ба корҳои давлатӣ ҷалб карда мешаванд.
- Мо аз он ифтихор менамоем, ки занон дар баробари мардон тамоми кӯшишу заҳмати хешро барои пешрафти кори милитсия сарф намуда, ҳамарӯза дар фаъолият садоқат ва самимияти худро нишон медиҳанд.
Ифтихори мо аз ҳамкасбонамон, аз заноне, ки дар баробари мардон баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ кору фаъолият менамоянд, хеле зиёд аст, - афзуд баромадкунанда.
Бояд қайд намуд, ки интихоби ин пешаи пурифтихору масъулиятнок, ки аз ҳар нафар шуҷоату матонат, ҳушёриву зиракӣ ва донишу истеъдодро талаб мекунад, бахусус барои занҳо аз тавоноию иродаи қавӣ доштани онҳо шаҳодат медиҳад.
Абдуқаюм Саидзода дар интиҳои суханронии хеш зикр кард: «Боварии комил дорам, ки бонувони ВКД минбаъд ҳам вазифаи хизматии худро бо ҳиссиёти баланди касбӣ, интизоми намунавӣ ва содиқ будан ба Савганд иҷро менамоянд».

16141615

Дар идомаи чорабинӣ сардори шуъбаи хӯрокаи Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомӣ майори милитсия Шаҳло Забирзода минннатдории кормандзанони раёсатро ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори раёсати мазкур полковники милитсия Юнус Бобозода Назар баён намуда, омад-омади баҳори фархундапай ва Иди бонувонро ба занону модарон таҳният гуфт.
Дар охир, ба кормандзанони раёсат дастурхони идона ороста, туҳфаҳои моддӣ тақдим карда шуд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ,
Наврӯз ҶОБИРОВ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика