Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи кории Шӯрои занони РВКД дар вилояти Хатлон

1606

Яке аз иқдомҳои беҳтарине, ки дар сиёсати давлатдорӣ ба он диққати ҷиддӣ дода мешавад, ин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.

Рӯзи 4-уми марти соли 2021 дар Раёсати ВКД вилояти Хатлон ҷаласаи Шӯрои занони Раёсати мазкур доир гардид.
Дар ин ҷаласа раиси Шӯрои занони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Хушвахтзода Бибихол Ғафур, муовини сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҷумахонзода Зебунисо Ҷумахон, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, раиси Шӯрои занони РВКД дар вилояти Хатлон полполковники милитсия Офоқи Қодириён, сармуҳарири рӯзноман Хатлон» Асалмо Сафарзода ва кормандзанони милитсияи дастгоҳи Раёсат, ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷузу томҳои он ширкат варзиданд.

16071608

Ҷаласаро муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Толибҷон Назарзода оғоз бахшида, меҳмононро аз номи роҳбарият хайрамақдам гӯфта, дар мавзӯи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа суханронӣ намуд.
Мавсуф таъкид дошт, ки хизматҳои пайвастаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба қадру қимат ва эҳтироми Зан-Модар, ки тарбиятгари наслҳо ва бузургтарину муқаддастарин инсон ба ҳисоб меравад, бағоят бузург аст.
Раиси Шӯрои занони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Хушвахтзода Бибихол Ғафур дар бораи лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакат «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» баромад намуда, зикр кард, ки зани тоҷик дар баробари он, ки ҳамчун тарбиятгар дар оила рисолати модарӣ, ҳамсариро ба ҷо оварад, инчунин сарбаландона аз уҳдаи роҳбариву фаъолият дар сиёсат низ мебарояд ва метавонанд дар дилхоҳ соҳа кору фаъолияти самарабахш намоянд.
Дар ин раванд кормандзанони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дар баробари мардон шабонарӯзӣ кору фаъолият менамоянд, ки боиси аҳсан мебошад ва саҳми онҳо дар ошкору пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон зиёд буда, вазифаҳои масъулиятноки роҳбарикунандаро низ ба душ доранд.
Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, иброз дошт, ки маҳз бо ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санаду меъёрҳои дахлдор нисбати мақоми зан дар ҷомеа ва таҳсилу кор кардан дар идоракунии давлатӣ имконият фароҳам овард ва дар Паёми имсолаи худ дарҷ намуд, ки «Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем».
Ин аст, ки имрӯзҳо шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо занону духтаронро ташкил медиҳанд.
Дигар иштирокдорони ҷаласа аз таваҷҷуҳу эътибори доимии Пешвои муаззами миллат, ки имрӯз занону бонувон дар ҳама ҷода пешраванд ва аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, РВКД дар вилояти Хатлон изҳори қаноатманди намуда, қайд карданд, ки саҳми худро дар пешрафти Ватану осоиштагии миллат мегузоранд.

16091610

Дар рафти ҷаласа чанд нафар аз кормандзанон, ки вазифаҳои хизматии худро бо ҳиссиёти баланди касбию дарки баланди масъулият, интизоми намунавӣ ва содиқ ба Савганди худ иҷро менамоянд, бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика