Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ дар РВКД ВМКБ

779

Бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва роҳбарони раёсатҳои ниҳодҳои низомии вилоятӣ ва ҷавонони фаъоли шаҳри Хоруғ ширкат намуданд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоятро ба Рӯзи ташкилёбии Артиши миллӣ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод самимона муборакбод намуда, барояшон осмони софу беғубори меҳани азизро таманно намуд. Гуфта шуд, ки 23-юми фервали соли ҷорӣ аз таъсисёбии ин ниҳоди муҳими низомӣ, ки зодаи Истиқлолияти ватан мебошад, расо 28 сол пур мешавад, ки дар масири таърих начандон роҳи зиёд аст. Қайд гардид, ки нахустин Паради ҳарбӣ 23-юми феврали соли 1993-юм баргузор гардида, дар таърихи навини давлатдорию давлатсозии тоҷикон ҳамчун рӯйдоди муҳим ва ташкилёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт ва эълон карда шуд. Зеро бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат табдил ёфт. Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят бо ёдоварӣ аз суханони ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «Мо бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем». Тавре дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид гардид, ки «Дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи суботи сиёсӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ доим дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.Зеро роҳбарияти олии кишвар ба садоқату ирода ва ҳисси ватандӯстонаи ниҳодҳои қудратӣ итминони комил доранд ва дар Паёми худ изҳор доштанд, ки мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон-ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва ба онҳо ифтихор менамоем.

780

Дар анҷоми суханронӣ бори дигар сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят 28-умин баҳори бобарори Артиши миллиро ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дар симои онҳо ба афсарону сарбозони неруҳои мусаллаҳ комёбиҳои беназирро орзу кард. Раиси вилоят Ёдгор Файзов аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генералону афсарон ва сарбозонро ба ин санаи фархунда Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сидқи дил муборакбод намуд. Таъкид шуд, ки аз таърихи пайдоиши инсоният то ба имрӯз дар рӯйи замин назар намоем аз ҷамъияти ибтидоӣ сар карда одмон ҳамвора талош мекарданд, ки забону миллати хешро дар ҳама давру замон аз ҳуҷуми аҷнабиён ҳифз намоянд. Зикр шуд, ки ҳимояи Ватан, ҳифзи сарзамин дар ин шабу рӯз вазифаи асосии ҳар як давлату миллат мебошад. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов он нуктаро баён дошт, ки он миллате, ки Қувваҳои мусаллаҳи пуриқтидору обутобёфта дорад дар олам мавқеъи худро соҳиб аст. Зеро миллати тоҷик дар масири таърих роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, бо ҷонбозиҳои фарзона фарзандони миллати худ бори дигар тавонистанд халқу миллати худро ҳимоя ва роҳбарӣ кунанд. Иттилоъ дода шуд, ки Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани қудрати мудофиавии Артиши миллӣ аз тамоми имкониятҳои ҷойдоштаи давлату Ҳукумати мамлакат истифода намуд, ки ба як нерӯи воқеан тавонои меҳан табдил ёфт. Маҳз ҳамин ғамхории Пешвои миллат аст, ки дар зарфи 28 соли охир ҷузъу томҳои неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба як лашкарди номдору обутобёфтаю пешрафта ва аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ном баровард. Ёдгор Файзов он нуктаҳои Паёми роҳбари давлатро зикр кард, ки вазифаи аз ҳама муҳим-ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳамагуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волояти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст. Имрӯзҳо ҳама қисмҳои низомии Артиши миллӣ таъмиру таҷдид ва навсозӣ шуда, бо беҳтарин шароити сатҳи баланд барои хизмати Модар-Ватан муҳайё гардид, ки ҷавонони меҳанпараст дар сафҳои неруҳои мусаллаҳ баҳри ҳимояи хоки муқаддаси кишвар қарзи фарзандию виҷдонии худро сарбаландона иҷро менамоянд. Аз фурсати муносиб истифода карда роҳбарияти вилоят сипоси худро ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят, марзбонон, ки дар ободонию созандагии маркази маъмурии вилоят –шаҳри Хоруғ аз худ саҳми бориз гузоштанд, миннатдории худро арза кард. Дар ҷамъомади тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер Худобердӣ кормандони ниҳодҳои низомиро ба 28–умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар табрик гуфт. Зикр дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхорӣ зоҳир менамояд. Зеро Артиши миллӣ бо заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқуввату тавоно гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ, сарбаландона адои хизмат мекунанд, ки бо нерӯй худ дар таҳкими сулҳу оромии кишварамон ҳиссаи муносиб гузошта истодаанд. Маҳз ҳамин аст, ки ҷавонписарони шаҳру навоҳии вилоят низ дар баробари дигар фарзандони баору номуси кишвар дар сафҳои неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сарбаландона хизмати Ватан-Модарро иҷро намуда истодаанд. Ватандӯстии ҷавонписарони шаҳри Хоруғ аст, ки ду соли охир дар даъватҳои тирамоҳиву баҳорӣ ҷавонони шаҳри Хоруғ бо хоҳиши худ ҳифзи Ватан-Модар ва марзу буми Тоҷикистони азизро ихтиёр намуда, бо ин омил Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сатҳи ҷумҳурӣ нақшаи даъватро аввалин шуда, пеш аз муҳлат сифатнок иҷро мекунанд.

781782

Дар ҷараёни ҷамъомади тантанавӣ сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят Меликзода Маҳмад Эмом ҳозиринро, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти давлату ҷомеа саҳми бузург доранд, бо камоли ифтихор ва самимона табрику муборакбод намуд. Таъкид гардид, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф-ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шудааст. Яъне ҳанӯз 28 сол қабл ба дӯши ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаҳое вогузор гардид, ки сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз ҳалли онҳо вобастагии калон дошт. Иттилоъ дода шуд, ки баробари соҳибистиқлол гардидани давлати тоҷикон зарурати ташкил намудани Артиши миллӣ ба миён омад, зеро акнун ҳимояи марзу бум, шарафу номус ва музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дасти фарзандони бонангу номуси худ афтода буд, ки имрӯзҳо бо виқор гуфта метавонем, ки афсарону сарбозон дар ҳифзи манфиатҳои истиқлоли кишвар ҳамеша чолоку ҷасур ва ба савганди ҳарбӣ содиқ мебошанд. 

Орифзода Парвиз Рустам прокурори вилоят бо сухани табрикотии хеш аз номи кормандони мақомоти прокуратура сарбозону афсарон ва кормандони ниҳодҳои интизомиро ба муносибати ин санаи таърихӣ яъне рӯзи ташкилёбии неруҳои мусаллаҳ шодбош гуфт. Зикр шуд, ки Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукунҳои асосии давлати соҳибистиқлол буда, дар ҳимояи сохти конститутсионӣ ва якпорчагии марзу буми Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, қудрату тавоноии давлат дар он таҷассум меёбад. Воқеан таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ ҳамчун ниҳоди баландпоя дар таъмини соҳибистиқлолии мамлакат рисолати худро дар ҷодаи пойдории сулҳу суботи ҷомеа, амнияти давлати тоҷикон, густариши пояҳои Ваҳдати миллӣ садоқатмандона адо намуда, ба як мактаби бузурги мардонагию ҷасорат табдил ёфтааст. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилоят Рустам Фелалиев қайд намуд, ки сарбозону афсарони далеру тануманди Қувваҳои мусалаҳ дар назди халқу ватан рисолати азалии худ, ҳимояи марзу буми кишвари азизамон, таҳкими сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Ватанро иҷро намуда, ба савганди ёднамудаи худ содиқ мебошанд. Дар идома як қатор ҷавонони қаламкаш ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карда, аз нақши Артиш дар таъмини ҳифзи дастовардҳои истиқлоли меҳан ибрози андеша карданд. Ҷавонони ин ниҳод бо қироати шеърҳои ватандӯстонаи худ бори дигар содиқ будани хешро нисбати Ватан-Модар ба аҳли толор нишон доданд.
Дар фарҷом ба як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар фаъолияти хизматӣ ба дастовардҳои шоиста ноил гардидаанд, бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва Сипосномаю Ифтихорномаҳои таъсисдодаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят қадрдонӣ шуданд.

Далер Чоршанбе




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика