Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар-машварати кормандони тахассуси хизматӣ дар СХДО ВКД

770

Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат бо кормандони тахассуси хизматӣ, аз ҷумла бо кормандони Шуъбаи хизмат ва омодагӣ, Шуъбаи техника ва таҷҳизоти махсус, Шуъбаи алоқа ва Хадамоти навбатдори оташнишонии Сарраёсат, инчунин бо шуъбаҳои мухталиф ва муовинони сардорони қисму сардорони бастҳои навбатдори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва қисму дидбонгоҳҳои алоҳидаи гарнизони ХДО Душанбе баргузор карда шуд.
Семинар-машваратро сардори СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода бо суханони муқадимавӣ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни семинар-машваратро хайрмақдам гуфт.
Мавсуф ҳамчунин зимни баромади худ вобаста ба чорабиниҳои муҳими дар пешистода,бахусус, вобаста ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон, кормандони тахассуси хизматии хадамотро вазифагузорӣ намуд.
Сипас, аз тарафи мутахассисони СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковникҳои хизмати дохилӣ Маҳмадалӣ Табарзода, Давлатбек Сангов, Рустам Сафаров, Маҳмадрозиқ Тоибов ва полковники хизмати дохилӣ Обид Исломзода бо иштирокчиёни семинар-машварат дар мавзӯъҳои: «Идоракунии қувва ва воситаҳо дар сӯхтор. Ташкили алоқа дар сӯхтор», «Таҷҳизотҳои нафаскашӣ бо ҳавои фишурда ПТС «Базис» ва «Профил» барои оташнишонон пешбинишуда, қоидаҳои кор дар таҷҳизотҳои муҳофизат аз газу дуд. Усули гузаронидани ҳисобҳои параметрҳои корҳо дар таҷҳизоти нафаскашӣ бо ҳавои фишурда, бахусус, ПТС «Базис» ва «Профил» ҳангоми кори оташнишонон дар онҳо», «Амалӣ намудани иҷроиши Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №9 б/з аз 11 феврали соли 2016 «Оид ба тасдиқи «Қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар ХДО» ва санҷиши таҷҳизотҳои оташнишонӣ», «Иҷрои талаботи Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №032 б/з аз 20 марти соли 2008, фармоишҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, аз ҷониби маърӯзачиён ба саволҳои иштирокчиёни семинар-машварат посухҳои муфассал дода шуданд. 

771772773

Ҳамчунин бо роҳбарии муовини сардори СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати дохилӣ Сайдализода Аловуддин Зайнуддин дар мавзӯи «Омӯзиши таъинот, хислатномаи асосии тактикӣ-техникии автомобилҳои махсуси тамғаи АКП-30, АЛГ-30" ва ғайраҳо дар мавриди амалиётҳои бартарафсозии ҳодисаҳои сӯхтор машғулияти амалӣ дар ҳудуди Қисми махсуси минтақавии СХДО ВКД дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.
Иштирокчиёни чорабинӣ дар машғулиятҳои назариявию амалӣ донишу малакаи касбии худро боз ҳам такмил дода, барои доимо ва дар ҳама ҳолатҳо дар сатҳи баланд иҷро намудани вазифаҳои ба дӯш доштаашон ва ба халқу Ватан содиқона хизмат намудан омодагии хуб гирифтанд.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика