Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтихори миллат

768

Сари баланду ифтихори миллатем,

Ҳамеша ёру дар канори миллатем.
Фидоиён, фидоиёни миллатем,
Ба ҷон ҳама паи барори миллатем.

Барои амну сулҳу пойдориҳо ,
Ба меҳру бо шараф ба некукориҳо,
Барои халқ ҷавшани саодатем,
Шикаста дасти сарди нобарориҳо.

Ба ҳар набард гарчӣ тир хурдаем,
Сари азизу ҷони худ супурдаем.
Ба ёду қалбҳо ҳамеша зиндаем,
Намурдаем, намурдаем, намурдаем.

759760762

23-уми феврал рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аст. Афсарону сарбозони тоҷик аз қадим барои ҳифзи марзу буми ватан ҷоннисориҳои зиёде намудаанд, ки боиси таҳниятанд.
Имрӯз (22.02.с.2021), дар саҳни бинои ДТММ Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии ҷашнӣ муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Назарзода Толибҷон , сардорони шӯъбаҳои раёсат ва ҳайати шахсии даста иштирок намуданд.
Сараввал, муовини сардори Раёсат баромад намуда, тамоми ҳайати шахсӣ, собиқадорон ва хизматчиёни ҳарбиро бахшида ба ин санаи фархунда табрику муборакбод намуд.
Мавсуф зикр намуд, ки кормандони ин ниҳод бо дарки баланди масъулияти касбӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то ба имрӯз ба Савганди худ содиқ буда, ҳамчун фарзандони сарсупурдаи миллат дар мубориза бо ҳама гуна унсурҳои номатлуб пешсаф мебошанд. вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.
Чунин як ҷамъомади идона дар қисми низомии 3503 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо иштироки муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Табарзода Валиҷон , сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар полковники милитсия Набиҷон Исозода, афсарон ва сарбозон баргузор гардид.
Зикр карда шуд, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистон рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ин давра ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, ҷашн мегиранд.
Ва ҳар як афсару сарбозро зарур аст, баҳри суботу амнияти мардуми шарафманди кишвар хизмат намоянд, зеро қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари халқу миллата ва сулҳу ваҳдату осоиштагӣ дар ҷомеа мебошанд.

769

Дар ҷараёни чорабинии тантанавӣ як қатор кормандон, афсарону сарбозон , ки дар рафти фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, аз номи роҳбарияти Раёсати зикргардида бо рутбаҳои навбатӣ, Ифтихорномаҳои фахрӣ , Сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.
Дар хотима дастархони идона ороста шуда, ҳунармандони шинохта ва маҳбуби вилояти Хатлон хотири ҳозиринро бо сурудҳои пурмазмун шод гардониданд.

Офоқ Қодириён




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика