Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар

11 феврали соли 2021 тахминан соати 00:10 дақиқа автомашинаи тамғаи «Тайёта-авалон», рақами қайди транзитиаш В 16-04 С/08, ронандааш майори милитсия Султонов Султонҷон Қодирович, с/т. 1988, сардори Шуъбачаи кофтукови ҷиноятии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Карамоваи ш. Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-вектра» рақами қайди давлатиаш 28-20 НР 01, таҳти идораи ронанда Солиев Аъзамҷон, с/т.1999, сокини н.Варзоб бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Опел-вектра» Солиев А. ва 2 нафар мусофирони он Расулов Анвар, с/т.2001 ва Боев Муҳаммадҷон, с/т.1999, сокинони н.Варзоб ба ҳалокат расиданд.

Нисбати Султонов С.Қ. аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 212 қ. 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чораи пешгирӣ нисбати ӯ ҳабси пешакӣ татбиқ шудааст. Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика