Таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти ВКД ба китобу китобхонӣ рӯз то рӯз бештар гардида, ҳайати шахсии он кӯшиш мекунанд, ки барои баланд бардоштани савияи дониш китобҳои гуногунро мутолиа намоянд. Бо ин мақсад, рӯзи 21 январ дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, бо ибтикори нашриёти давлатии «Адиб» намоиш-фурӯши китобҳо ба роҳ монда шуд. Дар ин маъракаи фарҳангӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, барои худ ва фарзандонашон китобҳои лозимиро дастрас намуданд.
Дар намоишгоҳ ҳашт ҷилди навбатии силсилаи 50-ҷилдаи «Ахтарони адаб», зиёда аз 150 номгӯи асарҳои илмию бадеӣ, дар умум, 5 ҳазор нусха асарҳои шоирону нависандагони адабиёти классику муосири тоҷик ва хориҷӣ ба фурӯш гузошта шуд.
Тавре муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ иброз намуд, имрӯз ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯйи масъулияти хеш дар ин ярмарка-фурӯши китоб иштирок намуда, барои худ вобаста ба хоҳиш китобҳоро харидорӣ намуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ китобҳои соҳавӣ низ вобаста ба самти ҳуқуқ ба фурӯш гузошта шуд, ки бо маблағи аз ин китобҳо бадастомада адабиёти бачагона харидорӣ намуда, ба ятимхонаҳо ва кӯдакистонҳо тақдим карда мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷузъу томҳои ВКД китобхонаҳо созмон дода шуда, кормандон пайваста ба мутолиа машғул мешаванд ва ин иқдом баҳри баланд бардоштани маърифатнокии онҳо нақши муҳим мебозад.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>