Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории машқҳои таълимӣ-дастурӣ дар РВКД вилояти Суғд (Навор)

1466

Тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳамасола дар ҷузу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳо машқҳои таълимӣ-дастурӣ гузаронида мешаванд.

21-уми январ машқҳои таълимӣ дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳҳои зудамали дастгоҳи марказии Раёсат, ДТММ, қисми ҳарбии 3501 РҚД ВКД, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Б.Ғафуров, масъулини Шуъбаи тиббии Раёсат ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД бо муваффақият баргузор гардид.
Гузориши мухтасар дар намоиши телевизионӣ пешниҳод карда шуд, ки баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ ин машқҳоро ҳамчун ҳақиқати ҳол нишон доданд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика