Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти сохтакории ҳуҷҷатҳо

1456

Дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон Таҷибоев Ибодулло Додохонович, соли таваллудаш 1961 ва Нематуллоев Зарифҷон Акбарович, соли таваллудаш 1976, сокинони ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дастгир карда шуданд.
Номбурдагон бо истифода аз дастгоҳи чопкунии ранга, сканер ва техникаи компютерӣ ба сохтакорӣ машғул буда, ҳуҷҷатҳои истифодабарии воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла полиси суғуртаи ҳатмӣ, маълумотномаи муоинаи тиббӣ, санади аз ташхис гузаштани воситаи нақлиёт аз системаи газӣ, кортҳои ташхиси диагностикӣ, расидҳои бонки БДА ”Амонатбонк” оиди пардохти андози воситаи нақлиёт ва дигар ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ намуда, ба ронандаҳо ба маблағи муайян пешниҳод мекарданд.
Дар натиҷа 7-ҳолат ошкор карда шуда, маводҳо ба Шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон пешниҳод гардида, нисбати номбурдагон бо моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика