Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии мақсаднок дар қисми низомии 5453

1440

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили чорабиниҳои мақсаднок ва вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, рӯзи 15 январи соли 2021 дар қисми ҳарбии 5453 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД бо иштироки намояндагони аҳли зиё чунин як чорабинии судманд доир гардид. Дар чорабинӣ раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шоираи хушкалом Мустаҷобова Рудоба, раиси Шӯрои кумитаи кӯҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Авзалов Ғайбулло, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло ва роҳбарияти Қушунҳои дохилии ВКД иштирок намуданд.

14391441

Сароғоз меҳмонон аз ҳудуди қисми ҳарбӣ, бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи сарбозон, анбори озуқаву сабзавот, ҳаммому сартарошхона ва хобгоҳи сарбозон дидан намуданд.
Зимни суҳбату вохурӣ бо афсарону сарбозон намояндагони аҳли зиё вобаста ба ватандӯстиву ҳувияти миллӣ, муҳаббат ба Модар-Ватан, гиромидошти арзишҳои миллӣ, аз қабили Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, руҳияи сарбозонро баланд бардоштанд. Ҳамзамон, сарбозон бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан муҳаббату садоқати хешро ба миллату давлат нишон доданд.

1442

Дар анҷоми чорабинӣ меҳмонон ба китобхонаи қисми низомии 5453 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД якчанд китобҳои Пешвои муаззами миллатро тақдим намуданд.

Эҳсон Абдуллозода, Муродалӣ Саидзода




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика