Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардии ҳарорати ҳаво - омили афзудани ҳодисаҳои сӯхтор

1436

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба татбиқи амалии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» ва таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар иншооти муҳими давлатӣ, муассисаву иншооти гуногун, ҷойҳои оммавӣ, бозору марказҳои калони савдо, биноҳои баландошёна ва манзилҳои истиқоматию маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, дар баробари ташкил ва гузаронидани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғиботи риояи ҳатмии меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, инчунин оид ба сарфакории қувваи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он корҳои фаҳмондадиҳиро дар онҳо боз ҳам ҷоннок намуда, дар бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта, ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ ва шаҳрвандон кӯмаки методию амалӣ расонида истодаанд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар мавсими зимистон шумораи бештари ҳодисаҳои сӯхтор дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, дар натиҷаи риоя нашудани оддитарин талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодаи асбобу таҷҳизоти барқию газии маишӣ, печҳо ва тануру оташдонҳо, васлу насби ноқилҳои барқӣ, аз меъёр барзиёд истифодабарии қувваи барқ, ки боиси сарборӣ ва расиши кӯтоҳи ноқилҳо мегардад. Инчунин интихоби нодурусти ҷойҳои захираи хӯроки дурушти чорво, ҳезуму ангишт ва нигоҳдории маводу ашёҳои сӯзанда дар ҷойҳои аз ҷиҳати сӯхтор хавф дошта, ба амал меоянд.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои сӯхтор ва дигар ҳодисаҳои фавқулодда, тибқи Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ба таври васеъ омӯзонидани аҳолӣ бо меъёр ва талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он ҳамасола дар моҳҳои январу феврал ва ноябру декабр чорабиниҳои профилактикӣ-оташнишонии комплексӣ аз рӯи номгӯи рамзи «Муҳофиза» марҳилаҳои 1 ва 2, дар якҷоягӣ бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, амалӣ карда мешаванд.
Дар ин замина, аз тарафи мутахассисони СХДО ВКД ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор дар манзилҳои истиқоматии сокинони ҷамоати деҳоти «Қаратоғ»-и ноҳияи мазкур, ки он 24 деҳа ва 44 536 нафар аҳолӣ дорад, чорабиниҳои профилактикӣ-оташнишонии комплексӣ аз рӯи номгӯи рамзи «Муҳофиза» марҳилаи 1 ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ аз тарафи гурӯҳи корӣ бо аҳолӣ оид ба риояи ҳатмии меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, истифодаи оқилонаю сарфакоронаи нерӯи барқ ва роҳ надодан ба тасарруфи он, муносибати боэҳтиётона намудан бо асбобу таҷҳизоти маишии барқию газӣ, интихоби дурусти ҷойҳои захираи хӯроки дурушти чорво, ҳезуму ангишт, инчунин роҳ надодан ба нигоҳдории маводу ашёҳои сӯзанда дар ҷойҳои аз ҷиҳати сӯхтор хавф дошта ва чи гуна амал намудан дар вақти рух додани сӯхтор ва дигар ҳодисаҳои фавқулодда корҳои дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ гузаронида шуданд.

14371438

Ҳамин гуна чорабиниҳои мақсадноки муштараки зиддисӯхторӣ бо сокинони биноҳои истиқоматии баландошёнаи кӯчаҳои Туғрал, Салимзода ва ба номи Давлат Бароти шаҳри Ваҳдат низ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд.
Кор дар ин самт аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.

Улуғбек Абдуҷабборзода,
муҳандиси калони Шуъбаи назорати
давлатии бехатарӣ аз сӯхтори
СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика