Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо гардидани ҳолатҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 11-уми январи соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи фурӯши либосҳои мардона, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт шуда, аз он ҷо либосҳои гуногунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 29 ва 27-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 6-уми январи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ аз даромадгоҳи 7-уми ҶДММ бозори «Корвон» 150-адад гарданбанди (шарфи) занонаро, ки ба марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли шаҳри Бохтар тааллуқ доранд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика