Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иқтидори энергетикиро ҳифз мекунем…

1195

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои истифодаи беҳудаи нерӯи барқ ва дар ин самт тарғиби сарфаю сариштакорӣ, ки метавонад иқтидори энергетикии мамлакатро ҳифз намояд дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ситоди корӣ ташкил ва таҳти роҳбарии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мебаранд. Яке аз самтҳои онро дар баробари бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ рӯёнидани қарз ва пардохти маблағи масрафшуда ташкил медиҳад.
Оид ба оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истофодабарии нерӯи барқ муроҷиатномаи ширкати саҳҳомии Барқи тоҷик вобаста ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба истеҳсол ва интиқоли саривақтии қувваи барқ пешниҳоди аҳолӣ гардида буд. Вазъи баамаломада шаҳрвандон, роҳбарони корхонаву ташкилотҳоро водор месозад, ки барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи он ҳиссагузор бошанд. Шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро зарур аст дар ҳолатҳое, ки бо дигар неруҳои гармидиҳӣ мумкин аст истифодаи барқро иваз намуд, ё ҷойи истифода аз таҷҳизотҳои баландшиддат барои истифода кардан аз технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд.

1196

Фаъолияти дастаҷамъонаи ниҳодҳои давлатӣ ва сафарбар намудани гурӯҳҳои корӣ ба корхонаву ташкилот ва маҳаллаҳои аҳолинишин натиҷа медиҳад. Масалан дар Шуъбаи 1-и ВКД-и дар шаҳри Исфара 4 гурӯҳи корӣ созмон дода шуда, аз 10-уми декабр то 8-уми январ маблағи рӯёнидашуда аз ҳисоби қарздорӣ аз барқ зиёда аз 3 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳамин давра дар ноҳияи Мастчоҳ 4 гурӯҳи корӣ фаъолият бурда зиёда аз 2 770 000 сомонӣ маблағи қарзӣ барқарор карда шуд, дар шаҳри Гулистон бошад 7 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда наздик 2 500 000 сомонӣ маблағи қарзӣ ҷамъоварӣ гардид, ки асосан аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ мебошад.
Ин се шуъбаи мақомоти корҳои дохилӣ дар иҷрои талаботи барномаи давлатӣ, ки ҳадафи он таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад фаъолияти пурсамар доранд.

1197

Ҳамарӯза фаъолияти гурӯҳҳои корӣ таҳлилу ҷамъбаст ва барои натиҷабахшии фаъолият дастур дода мешавад. Имкониятҳои самараноки кор бо муштариёни барқ ва аз ҳисоби қарздорон рӯёнидани маблағ мавзӯи меҳварии ҷаласаҳои корӣ аст. Тавре аз натиҷаҳои корбарӣ бармеояд ҳолати худсарона пайваст намудани ноқилҳои барқӣ берун аз ҳисобкунаки барқӣ - яъне дуздии барқ низ ҷой дорад, ки барои бартараф намудани чунин ҳолатҳо гурӯҳҳои корӣ аз таъсиррасониҳои ҳуқуқӣ истифода мебаранд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика