Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатлон: Куштор дар заминаи рашк

062

Зӯроварӣ дар оила як зуҳуроти номатлуб дар байни ҷомеа буда, нигарониҳои зиёдеро ба миён овардааст. 

Дар заминаи муноқишаву ҷанҷолҳои оилавӣ, ки аксаран вақт омили сар задани Ҳодисаҳои нохуш, содиршавии ҷиноятҳои вазнин гаштааст, бетарафиро ихтиёр намудани атрофиён низ боис мегардад.
Чунин як фоҷиаи даҳшатангез дар ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон санаи 27-уми ноябри соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст ва мардуми ин ноҳияро ваҳшатзада кард.
Модари 3 фарзанд Бобоҷонова Бибихоли 32-соларо шавҳараш Қарақулов Урозбек дар манзили истиқоматияшон дар пайи муноқишаи оилавӣ ва рашки беасос бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш мезанад, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат мерасад.
Аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Ёвон дар кутоҳтарин муддат гумонбари ҷинояти махсусан вазнин -одамкушӣ, Қарақулов Урозбек муайян ва боздошт карда шуд.
Одамкушӣ - яке аз гуноҳҳои сангин ҳисобида шуда, барои содиркунандаи ин амали зишт ҷазои вазнинтарин таъин карда шудааст.
Куштори бераҳмонаи ин зан бори дигар аҳли ҷомеаро ҳушдор медиҳад, ки дар миёни мо ҳастанд нафароне, ки қадру манзалати инсонҳо назди ин тоифаи разилу камназар қиммате надорад.

064063

Нисбати Қарақулов Урозбек дар Прокуратураи ноҳияи Ёвон парвандаи чиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика