Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушду такомул ёфтани ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Бо мақсади боз ҳам рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имконоти мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтори алоҳидаи ваколатдори соҳаи сайёҳӣ – Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

 viber_2020-11-20_15-46-37
 viber_2020-11-20_15-46-23

Таъсиси Кумитаи рушди сайёҳӣ барои сарзамини сайёҳӣ гаштани Тоҷикистон заминаи хубе ба вуҷуд овард. Дар соли аввали фаъолияти Кумита Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Стратегияи рушди сайёҳӣ ҳамчун ҳуҷҷати асосии рушди соҳа ҳадаф, вазифа ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳии мамлакатро барои давраи то соли 2030 муайян намуда, ба сифати унсури ташаккули нақшаҳо ва роҳнамои ташаббусҳои соҳибкории шаҳрвандон дар соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ нақши муассир дорад.
Ҳамин иқдому имтиёзҳо ва чорабиниҳои сатҳи баланд сабаб шуданд, ки шумораи сайёҳони ба мамлакат ташрифоварда соли 2019 марзи 1 миллион нафарро гузашт.
Ин ҳама пешравиҳо ва эътирофҳо туфайли истиқлол ва сулҳу ваҳдат мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати озоду обод ва макони мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ боз ҳам ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамояд.
Мавриди қайд аст, ки дар самти рушду такомули соҳаи сайёҳӣ кормандони Шуъбаи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ низ саҳми босазо гузошта, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷалби саёҳҳони хориҷӣ ба кишвар ва таъмини амният ва роҳбаладии онҳо нақши арзанда доранд.
 viber_2020-11-20_15-46-53

Барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ ва гузоштани саҳми арзанда дар ин соҳаи муҳим ва бахшида ба таҷлили Рӯзи касбии кормандони милитсия бо Фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) Амонзода Ширин Шодӣ бо медали ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои ҳамкорӣ» мукофотонида шуд.
Бояд қайд кард, ки мавсуф дар як муддати кӯтоҳ зимни роҳбарии Кумитаи мазкур ҳамчун инсони поквиҷдон, ватандӯст, лаёқатманд ва хоксор тавонист саҳми арзандаи худро дар густариш ёфтани соҳаи сайёҳӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ гузорад.
Боиси зикри хос аст, ки Тоҷикистон сарзамини маҳбуб ва ҷолиби диққати дӯстдорони сайру саёҳати ҷаҳониён гашта, бо симои давлати амну осоишта дар замони соҳибистиқлолӣ дар минтақа беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардид ва дар раддабандиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавқеи намоён касб намуда истодааст.
Аз ҷумла, соли 2019 маҷаллаи сайёҳии бритонии «Wanderlust» Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон кард, шабакаи иҷтимоии «Globe Spots» Тоҷикистонро дар сархати даҳгонаи давлатҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой дод. Нашри русии маҷаллаи маъруфи «National Geographic» шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намуд, нашрияи «The Independent» пойтахти мамлакат-шаҳри Душанберо ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф намуд. Ҳамзамон Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали давлатҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика