Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ вобаста ба мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа»

1172

Дар заминаи таъсиси Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба аъзоёни он ваколатҳои бевосита дода шудааст, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ иштироки фаъолона дошта бошанд ва ҳар лаҳза метавонанд фикру ақидаҳои хешро ба самъи роҳбарияти Вазорат ва ҷамъият расонанд ва бо ин роҳ дар пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳиссагузор бошанд.
Бо мақсади ҳамкории самараноки кормандони милитсия бо ҷомеа, рӯзҳои 18-19-уми ноябри соли 2020 тибқи Нақша-чорабиниҳо оид ба иҷрои нақшаи якҷояи РҲТҶ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе бо иштироки нозирони минтақавии милитсия ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯшониён семинари омӯзишӣ дар мавзӯи омӯзиши «Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа» баргузор гардид.
Семинари мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини сардори Шуъба оиди ҳамкорӣ бо созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии РҲТҶ ВКД подполковники милитсия Шукуров М.Н., кушода эълон гардид.
Дар семинари мазкур оид ба мавзӯъҳои дахлдори омӯзиши «Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа» сардори шуъбаи илми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М. ва сардори кафедраи назарияи идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи зикршуда, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Рустамзода А. баромад намуданд.

117311741175

Ба самъи ҳозирин мавзӯъҳое, ки барои ҳамкории милитсия бо ҷомеа муҳиманд ва ҳадафҳои стратегии ислоҳоти милитсияро ташкил менамоянд, расонида шуд. Дар семинар оид ба баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии корманди милитсия ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, хизматрасонии сатҳи баланди милитсия ба ҷомеа фаҳмонида дода шуд.
Шукуров М.Н.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика