Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатлон: Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

1167

Рӯзи 18-уми ноябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар вохӯрии донишҷӯён ва омӯзгорон бо раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ва сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб бо кормандони Раёсати ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудирони бахшҳои ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва ҷавонони фаъол баргузор гардид.

Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло баромад намуда, доир ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, саҳми ҷавонон дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, ободонӣ, эмин нигоҳ доштани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидан, дуруст дарк намудан ва дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб дар баромадашон маълумотро оид ба сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон, ҷиноятҳо нисбати ноболиғон, ба худкушӣ даст задани ноболиғон ва ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ дар дохили кишвар ва таълимоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар ба самъи ҳозирин расониданд.
Мавсуф изҳор дошт, ки дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мактабу маориф ва муассисаҳои олии кишвар мо метавонем, пеши роҳи ҷинояту дигар ҳуқуқвайронкуниҳоро бигирем.
Ҳамзамон ба иродаю матонати ҷавонон ҳамчун пайравони Пешвои миллат баҳои баланд дода шуда, ба онҳо тавсия дода шуд, ки ҳамчун қишри ояндасози давлату миллат мунтазам дар андешаи донишандӯзӣ, касбомӯзӣ, баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ, ободонии мамлакат бошанд ва дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ҳамеша метавонанд ба кормандони мақомоти милитсия такя намоянд.

11681169

Дар анҷом ҳайати донишҷӯён ва устодони муассиса миннатдории худро ба раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳабарияти мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати ҳамкории ҳамаҷониба иброз намуда, дарҷ карданд, ки дар ҳама ҳолатҳо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ ва дар амал татбиқ хоҳанд кард.
Обидзода Юсуф, сардори ШОПҲНҶ РВКД дар вилояти Хатлон, полковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика