Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаҳои нақлиётии марговар тайи ду рӯз дар ҷумҳурӣ

Рӯзи 31-уми октябри соли 2020, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ЛЕКСУС-RX-400 Н”, Сатторов Салимҷон Гиёевич, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар, ба самти ноҳияи Ҷайҳун, дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Панҷи поён, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷамоати деҳоти Калинин, пиёдагарди ноболиғ Ҷумагули Муқим, соли таваллудаш 2007, сокини ҷамоати деҳоти мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Ҷумагули М. ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Санаи 31-уми октябри соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Зоҳиров Идибек Саидович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок» дар мавзеи Такоби ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби хатти алоқаи канори чаппи роҳ бархӯрда, баъдан ба ҷуқурии 700 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Зоҳиров И. ва мусофирони автомашинаи мазкур Комилова Умеда Исмоиловна, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Варзоб ва Каримов Мубинҷон Муъминҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Рӯзи 1-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Саната», Раҳимов Абдураҳим Сафарович, соли таваллудаш 1996, сокини пойтахт, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи Зебуниссо ба кӯчаи Бинокорон, дар рӯ ба рӯи бинои №120 бо сабабҳои номаълум ба қисмати қафои автобуси тамғаи “АКИА”, таҳти идораи ронанда, Шамсов Собир Партовович, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Душанбе, ки ба як самт харакат мекарданд, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Соната» Раҳимов А.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика