Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои наклиётии марговар

Санаи 15-уми октябри соли 2020, тахминан соати 6:20 дақиқа, ронандаи ШХС “Барқи Тоҷик” тамғаи “Шакман”, Пиров Давлатмурод Холмуродович, соли таваллудаш 1962, сокини ҷамоати деҳоти Сомон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53”, таҳти идораи ронанда Наимов Мусулмон Сафарович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53” Наимов М.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ санаи 15-уми октябри соли 2020, тахминан соати 17:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Холмирзоев Ҳомидҷон Баротович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти маркази ноҳияи Фархор ба самти ҷамоти деҳоти Гулшан , дар ҳудуди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолият аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Хушвахтова Шукрона Зафаровна, соли таваллудаш 2012, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика