Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Данғара ва Б.Ғафуров

164

Рӯзи 11-уми октябри соли 2020, тахминан соати 22:00, ронандаи трактори тамғаи “ЮМЗ”, бе рақами қайди давлатӣ, Наботов Маҳмадшариф Абдухолиқович, соли таваллудаш 1964, сокини ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Темурмалик-Данғара”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти И.Шарифови ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар чуқурии 50-60 метр чаппа кардааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Наботов М.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофираш, Наботов Муҳаммад Маҳмадшарифович, соли таваллудаш 2002, сокини ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Санаи 12-уми октябри соли 2020, тахминан соати 10:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа-Бонго», Шарифов Сафарбой Додоевич, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон Одилов Абдураҳмон, соли таваллудаш 1951, сокини ноҳияи Ҷ.Расуловро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Одилов А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика