Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани боз як ҷинояти солҳои пеш содиргардида

68

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки пешдастгиршуда, марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қизил-Қалъаи ноҳияи Хуросон санаи 30-юми декабри соли 1992, тахминан соати 13:00, аз назди бинои истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии шаҳри Душанбе марди 22-солаи (айни замон 50-сола) сокини кӯчаи Қазоқонро бо таҳдиди силоҳи оташфишон ба автомашинаи шахсиаш тамғаи «ВАЗ-2106» маҷбуран савор карда, ба соҳили дарёи «Вахш» бурда, қасдан бо мақсади куштан аз таппончаи тамғаи «Макаров» ба сӯи ҷабрдида тир холӣ кардааст.
Дар натиҷа тир ба дасти номбурда расидааст, ки ӯ худро ба дарё партофтааст.
Оид ба ин ҷиноят аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 15-104 таҳрири соли 1961, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика