Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаҳои нақлиётии марговар дар манотиқи гуногуни кишвар

Рӯзи 25-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 09:20- дақиқа, ронандаи трактори тамғаи «Т-40», бе рақами қайди давлатӣ, Маҳмадёров Файзалӣ Абдурашидович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Сангвор, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сиёҳфарк ба самти деҳаи Шугнови ноҳияи Ховалинг, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, тракторро ба чуқурии 3-метр чаппа кардааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Маҳмадёров Ф.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 26-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 03:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камри», Ҷӯраев Дилшод Музаффарович, соли таваллудаш 1983, сокини деҳаи Гулрези шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази шаҳри Ҳисор ба самти ҷамоати деҳоти Сомон, дар роҳи мошингарди деҳаи Ғайратобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори сементии хонаи истиқоматӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Ҷӯраев Д.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 26-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Намозов Уктамҷон Ҷӯраевич, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Кушониён, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди деҳаи Наврӯзи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба қисми қафои трактори тамғаи «МТЗ-80», таҳти идораи ронанда, Абдулҳаев Мирзоалӣ Файзович, соли таваллудаш 1969, сокини деҳаи Навободи ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Гулов Рамазон Эргашович, соли таваллудаш 1999, донишҷӯи соли 3-юми Донишгоҳи давлатии ба номи Н.Хусрав, истиқоматкунандаи ноҳияи Кушониён, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 27-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 05:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Мейхти», Самадов Баҳромҷон Дӯстмуродович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи-поён”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Балхӣ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, таҳти идораи ронанда, Ҳакимов Абдурасул Тилавмуратович, соли таваллудаш 1995, сокини деҳаи Ёвонободи ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, Ҳакимов А.Т. ва мусофираш Шоимардонов Ҳайдар, соли таваллудаш 1964, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Рӯзи 27-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Наимов Хуршед Идибекович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди ноболиғ Оишамоҳи Умед, соли таваллудаш 2015, сокини деҳаи Сафобахши ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 27-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 04:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ниссан-Зефира», Абдунозиров Зоҳиршоҳ Набиевич, соли таваллудаш 1993, сокини кӯчаи Туғрали шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Айнӣ-Панҷакент», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сучинаи шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба чуқурии 10-метр фаромада, ба симчӯб ва дарахтон бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофиронаш: Худойбердиева Нигина Бӯриевна, соли таваллудаш 1987 ва Қосимзода Наргиса, соли таваллудаш 1997, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари автомашинаи мазкур Худойбердиева Таҳмина Буриевна, соли таваллудаш 1980, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика