Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2020, дар кӯчаи Хоҷамбиёи Боло марди 45-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 83 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ваъда медиҳад, ки аз хориҷа ба ӯ крани маноравии борбардори 44-метра оварда медиҳад, аммо ӯро фиреб дода то ҳол маблағро бар нагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки тахминан аввалҳои соли 2013, марди 50-солаи соакини ҷамоати шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба боварии ду нафар мард ва як зани сокинони ҷамоати деҳоти Ҳ.Ризои шаҳри Ваҳдат даромада аз онҳо 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда медиҳад, ки аз ҳудуди ҷамоати шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор 0,08 га қитъаи замин ҷудо карда медиҳад. Аммо онҳоро фиреб дода то ҳол маблағро бар нагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика