Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани мусофир ва пиёдагарди хурдсол дар садамаҳои нақлиётӣ

Рӯзи 16-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 23:00, ронандаи дучархасавори тамғаи «Скутер», Анорқулов Абдуваҳоб Мусулмонқулович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Исмоил-Ғафуров, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи дучарха набаромада, аз роҳ баромада чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири дучархарон Эшмуродов Толиб Каршибоевич, соли таваллудаш 1973, сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Инчунин, санаи 17-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Бобоев Шоҳрух Шораҳматович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ» дар ҳудуди деҳаи Лакати шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Ҳочиев Юсуфҷон Бахтиёрович, соли таваллудаш 2010, сокини ҷамоати деҳоти Зарҳалоли ҳамин шаҳрро, ки аз тарафи рост ба тарафи чапи роҳ, мегузашт пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Ҳоҷиев Ю.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика