Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ-маърифатӣ

1062

Чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илм оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ-маърифатӣ дар самти пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, барои баланд бардоштани маърифату саводнокии ҷавонон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пайваста гузаронида мешаванд. Ҳамин буд, ки рӯзи 15-уми сентябр вобаста ба ин ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дар Коллеҷи омор ва Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ваҳдат вохӯрии кормандони шуъбаи ҷавонони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) ВКД бо омӯзгорону толибилмони ин таълимгоҳҳо доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ, дар баробари як қатор мавзӯъҳо, ҳамчунин ташкилкунандагони он доир ба таъмини иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» ва оид ба вазифаву уҳдадориҳои волидон дар назди ҷомеа изҳори андеша карданд.
Тавре қайд гардид, мушкилоти имрӯзаи ҷаҳони муосир, яъне паҳншавии бемории ҳамагири коронавируси навъи «Ковид-19» ҳамаро ба ташвиш овардааст ва вобаста ба ҳолати мавҷуда кормандони милитсия аз иштироккунандагони вохӯрӣ, ки аксаран ҷавонони касбомӯз буданд, риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ камтар гаштугузор карданро талаб намуданд.
Инчунин, дар идома ба масъалаҳои марбут ба иштироки бенуқсони донишҷӯён дар дарсҳо, бе ягон сабабу омилҳо ҳозир шудан ба коллеҷу литсей ва мустаҳкам намудани робитаи байни мактабу оила ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан мақомоти милитсия дар самти пешгирии паҳншавии ҳодисаҳои ношоиста дар байни ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Абдулло ШОҲИЁН,
Дилшод ХОЛОВ,
кормандони гурӯҳи матбуотии РОПҲНҶ ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика