Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 13-уми августи соли 2020, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Либеро”, Азимов Муҳсинҷон Юнусович, соли таваллудаш 1992, сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар ҳангоми ҳаракат кардан аз самти маркази шаҳри Бохтар ба самти терминали мусофиркашонии “Сафар-К”, дар кӯчаи Курғон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон, Зубайдов Хуршед Нуралиевич, соли таваллудаш 1970, сокини ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кушониёнро пахш намудааст.
Дар натиҷа, охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, санаи 13-уми августи соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Сафаров Аҳлиддин Имомшукурович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Восеъ-Кӯлоб”, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбук аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Шоҳрамаҷони Султон, соли таваллудаш 2006, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадониро пахш намудааст.
Мутаассифона, ноболиғи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, рӯзи 14-уми августи соли 2020, тахминан соати 02.30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Шагман”, Каримов Сунатулло Восеъевич, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Абай, дар рӯ ба рӯи тарабхонаи “Ҷавонбахт” пиёдагарди шахсияташ номаълум, марди тахминан 40-45 соларо пахш намудааст.
Дар натиҷа охирин ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Боиси таассуф аст, ки санаи 14-уми августи соли 2020, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шарифов Идибег Сайдалиевич, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Ваҳдат-Рашт-Лахш”, дар ҳудуди деҳаи Саройи ноҳияи Файзобод бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба дучархаи тамғаи “Скутер”, таҳти идораи ронанда, Султонов Таобшоҳ, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, Султонов Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика