Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани якчанд кирдори ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри мазкур, ҷойи кораш фурушандаи дӯкони “Тезтайёр” муроҷиат намудааст, ки санаи 8-уми августи соли 2020, тахминан соати 22:00, дар ҷойи кораш, воқеъ дар назди бозорчаи “Шукрона-2013”, шахси номаълум бо тариқи ошкоро аз дасташ телефони мобилии тамғаи “Самсунг-А6”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 14-солаи сокини шаҳраки Ҳисори ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 13-уми августи соли 2020, тахминан соати 04:00, ҳангоми дар кӯчаи Қаҳҳоров қарор доштанаш бо тариқи ошкоро аз дасти ҷавонзани 19-солаи сокини пойтахт 1-адад телефони мобилии тамғаи «ЛҶ»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамзамон, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36 ва ҷавони 22-солаи сокинони шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, санаи 12-уми августи соли 2020, тахминан соати 22:00, ҳангоми дар кӯчаи Машъали шаҳри Душанбе қарор доштанашон бо тариқи зӯроварӣ ошкоро аз дасти ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Ҷ-8»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика