Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Турсунзода

Рӯзи 12-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, Раҳимов Баҳриддин Салимович, соли таваллудаш 1998, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми дар деҳаи Тайланободи ҷамоати деҳоти Лоҳур ба самти деҳаи Қосимобод ҳаракат намуданаш, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канори сангрезадори ҷониби рости роҳ чаппа кардааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Гулова Мавзуна Асомиддиновна, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, санаи 12-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Тико”, Абдулазизода Учқун Абдухалиқ, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода ҳангоми ҳаракат намудан ба самти деҳаи Саркори ҷамоати деҳоти Т.Туйчиев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Абдуллоев Фирӯз Ҳамдамович, соли таваллудаш 1988 ва Абдуллоева Дилором Сафаровна, соли таваллудаш 1963, сокинони ҷамоати деҳоти Навободи ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Абдуллоева Д.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика