Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии зиддисӯхторӣ

1001

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозору марказҳои калони савдо пайваста корҳои назоратӣ-дастурдиҳӣ ва машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ доир намуда, дар бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта, ба роҳбарону масъулини онҳо ёрии амалӣ мерасонанд. Чунин як чорабинии мақсаднок дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бозори Султони Кабир»-и шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва роҳбарияту масъулини бозор бо ҷалби нақлиёти оташнишонӣ ташкил ва гузаронида шуд. 

Дар рафти чорабинии муштарак дар баробари дигар масъалаҳои муҳими зиддисӯхторӣ кормандони хадамот дар ҳамкорӣ бо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ба озод намудани роҳҳои ҳаракати нақлиёти оташнишонӣ дар атроф ва ҳудуди бозор, роҳ надодан ба таваққуфи таксиҳову дигар нақлиётҳои боркаш ва молу ашёҳои дар роҳравҳои дохили бозор бетартибона гузошта шудаи савдогарон, ки дар вақти ҳодисаи сӯхтор метавонанд монеаи ҷиддӣ эҷод намоянд, диққати асосӣ зоҳир намуда, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуданд. Ҳамчунин бо роҳбарияту масъулин, соҳибкорону савдогарон ва ронандагон оид ба риояи ҳатмии меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва истифодаи сарфакоронаю оқилонаи нерӯи барқ дастуру суҳбатҳои муфид гузаронида шуданд.
Хадамоти давлатии оташнишонӣ аз соҳибкорону савдогарон ва ронандаҳои таксиву нақлиётҳои боркаши дар бозору марказҳои калони савдо фаъолият дошта хоҳиш менамояд, ки нақлиётҳо ва молу ашёҳои ба савдо баровардаро дар ҷойҳои муқаррар нагардида нагузоранд, зеро чунин амали онҳо дар мавридҳои зарурӣ ба кору фаъолияти Хадамоти давлатии оташнишонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда, метавонад боиси хисороти калони моддӣ аз сӯхтор гардад.

1002

Мавриди зикр аст, ки чунин чорабиниҳои мақсадноки зиддисӯхторӣ аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда истодаанд.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика