Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешгирии масрафшавии беҳудаву барзиёди нерӯи барқ

998

Кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он дар ҳамкорӣ бо дигар раёсатҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ баҳри пешгирии масрафшавии беҳудаву барзиёди нерӯи барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи он аз ҷониби корхонаву иншооти гуногун ва аҳолӣ, инчунин таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор чораю тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд. Дар ин замина, аз тарафи гурӯҳи кории муштарак муайян карда шуд, ки новобаста ба Муроҷиатаномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар оид ба истифодаи оқилонаю сарфакоронаи нерӯи барқ, вобаста ба кам гардидани сатҳи об дар обанбори Норак, ҳамоно ҳастанд соҳибкороне, ки дидаву дониста бо истифода аз асбобу таҷҳизотҳои баландшиддат ва таҷҳизотҳои худсохти барқӣ ба масрафшавии барзиёду ғайримақсадноки қувваи барқ роҳ дода, аз пардохти саривақтии маблағҳои истифодаи он низ бо ҳар роҳу восита ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд. 

Аз ҷумла, чунин далели масрафшавии беҳудаву барзиёди нерӯи барқ, сари вақт пардохт нашудани ҳаққи истифодаи он ва сарфи назар карда шудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ дар дукони нону хлебпазии соҳибкор Восеъ Аъзамов, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо 72-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ошкор карда шуд, ки нисбати соҳибкор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима татбиқ карда шуд. Ҳамчунин барои ислоҳи камбудиҳо ба ӯ муҳлати муайян муқаррар карда шуд. Ҳамин гуна ҳолати ногувори дигар дар коргоҳи қаннодии соҳибкор Фарҳод Мардонов низ, воқеъ дар ҳамин суроға, муайян карда шуд, ки чунин муносибати хунукназаронаи соҳибкор дар баробари хавфи сӯхтор, инчунин эҳтимолияти хавфи паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятиро низ метавонад дар пай дошта бошад. Бинобар ин нисбати соҳибкор чораҳои қонунӣ андешида шуда, барои рафъи камбудиҳо муҳлат дода шуд. Ҳолати дигари сари вақт пардохт нашудани ҳаққи истифодаи қувваи барқ дар анбори нигоҳдории орди Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Стелло», воқеъ дар кӯчаи Абдуллобеков-43-и ноҳияи Синои пойтахт, ки роҳбарии онро Зафар Ҳафизов ба уҳда дорад, муайян карда шуд. Бояд қайд кард, ки маблағи қарзи истифодаи қувваи барқи иншооти мазкур зиёда аз 29 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Вобаста ба ҳолати ҷойдошта, аз тарафи гурӯҳи корӣ бо масъулини иншоот суҳбати дахлдор гузаронида шуда, барои пардохти маблағи қарзи истифода нерӯи барқ муҳлати муайян дода шуд.

9991000

Кор дар ин самт аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он дар ҳамкорӣ бо дигар раёсатҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ идома доранд.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика