Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 2 нафар дар садамаҳои нақлиётии марговар

Рӯзи 12-уми августи соли 2020, тахминан соати 05:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада дучархарон, Нурматов Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа Нурматов Ҷ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Тураев Дилшодҷон Анварҷонович, соли таваллудаш 2000, сокини ҷамоати деҳоти Ошобаи ҳамин ноҳия содир намудааст.
Ҳамчунин санаи 12-уми августи соли 2020, тахминан соати 09:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106», Бобомуродов Ҳусниддин Абдурасулович, соли таваллудаш 1969, сокини ҷамоати деҳоти Кӯруши ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Куруш, аз уҳдаи идора намудани автомабил набаромада, ба тарафи чапи роҳ баромада, ба скутери тамғаи «Хонда», таҳти идораи ронандаи ноболиғ, Ортиқов Нурбек Набиевич, соли таваллудаш 2004, сокини ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич бархӯрдааст.
Дар натиҷа скутер чаппа шуда, ба қисми ақиби автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер», ки дар канори чапи роҳ беназорат меистод бархӯрда, ноболиғ, Ортиқов Н.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика