Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари ҷавонони фаъол ба ноҳияи зебоманзари Ховалинг

974

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо, чашмаҳои оби мусаффо ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад.
Эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасону ҷавонон мавқеи муҳим дорад.
Ташрифи ҷавонон ба манотиқи гуногуни кишвар, вохӯриву робитаи онҳо бо ҳамсолони хеш ба ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ ва дӯстиву рафоқати байни ҷавонон мусоидат менамояд.

975976977

Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ як зумра ҷавонони фаъоли кишвар аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт ва ноҳияҳои тобеи кишвар бо роҳбарии сардори РОПҲНҶ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб ба диёри зебоманзари ноҳияи Ховалинг ташриф оварданд. Дар даромадгоҳи ноҳияи мазкур ҷавононро ҳамсолони хеш ва роҳбарияти ноҳияи мазкур бо самимияти хоса ва суруду тарона пешвоз гирифтанд.
Ҷавонон сараввал аз мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ дидан карданд. Ҳамзамон меҳмонон аз бинову иншоотҳои ҷашние, ки моҳи августи соли 2019 бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дараи “Мухтор” ва деҳаи Лоҳутии ноҳияи зикргардида бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабародорӣ қарор дода шудааст, дидан карданд.
Инчунин, дар доираи сафар ҷавонон аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳия шиносоӣ пайдо намуда, баъдан дар мавзеи “Чилчанор”-и ноҳия чорабинии идона, маҳфили адабии шеъру суруд баргузор гардид.
Ҷавонони фаъоли кишвар аз ин сафар ба худ як ҷаҳон таассуроти нек бардошта, зикр карданд, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани фарҳангу маърифат ва ҳуввияти миллии насли наврасу ҷавон манфиатбахш мебошад.

978979980981983984982

Зикр гардид, ки танҳо дар якҷоягӣ метавон ҳадафҳои созандаву самарабахшро ба даст оварда, ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи Ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намуд ва онҳоро аз роҳи хатову ҷинояткорона гардонид. Зеро воқеан наврасону ҷавонон ояндаи миллату давлат буда, танҳо бо ҳидояту раҳнамоии хирадмандона ва маърифати баланди ҳуқуқиву илмӣ мо метавонем ояндаи дурахшони насли наврасро таъмин намоем.
Дар фарҷоми сафар ба ҷавонони фаъоли кишвар аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва ШВКД туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дилшод Холов, нозири гурӯҳи матбуотии РОПҲНҶ, капитани милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика