Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани дузди чорвои калони шохдор

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо ариза марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Нави ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 8 ба 9-уми августи соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии «Маҳмадалӣ-Ота», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҳ.Нав, 2 сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳраки Меҳрободи ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ариза пирамарди 73-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Турдиеви ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 9-уми августи соли 2020, таминан соатҳои 01 ба 02:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонаи манзили истиқоматиаш 2-сар чорвои калони шохдор, ки арзишашон 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 44 ва 32-солаи сокинони ҷамоати деҳоти С.Турдиеви ҳамин ноҳия, ки якеашон пеш бо моддаҳои 244 ва 195 ва дигараш бо моддаи 375 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика