Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳритус

Санаи 6-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 19:50 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Менглиев Ҷӯрабек Ҳусанович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Чоршанбе ба самти маркази ноҳияи Шаҳритус дар ҳудуди деҳаи Чинор бо суръати баланд ҳаракат намуда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, саравал як сар чорвои калони шохдорро пахш намуда, баъдан ба қисми канори рости роҳ баромада пиёдагардон: Рузиева Умеда Тургуновна, соли таваллудаш 2002, Алимардонова Тоҷихол Маматалиевна, соли таваллудаш 1997 ва фарзандони хурдсолаш Рузиева Мафтуна Бурибоевна, соли таваллудаш 2018, Рузиев Неъматулло Бурибоевич, соли таваллудаш 2020, истиқоматкунандагони, ҷамоати деҳоти Х.Холматовро пахш намуда, автомашинаашро дар ҷойи ҳодиса гузошта фирор намудааст.

Дар натиҷа номбурдагон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронанда Менглиев Ҷ.Ҳ. дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика