Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият меёбад

961

Имрӯз дар раванди амалишавии барномаҳои «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020», «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» ва дар пешбурди яке аз самтҳои ин барнома Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии назди мақомоти милитсия нақши созгори худро гузошта истодаанд.
Бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва саъю кӯшишҳои пайвастаи шӯроҳои ҷамъиятӣ, ҳамкориҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо милитсия дар доираи ислоҳоти милитсия сол то сол густариш ёфта, таъмини тартиботи ҳуқуқии шаҳрвандон дар заминаи равобити тарафайн амалӣ гардида истодааст.
Ҳафтаи сипаригардида мутобиқи нақша-чорабиниҳои ВКД ва саҳмгузории ташкилоти байналмилалии Дунёи бехатар «Saferworld» санаи 4-5-уми августи соли равон дар бинои РБДА ВКД дар доираи амалишавии барномаи мазкур семинари омӯзишӣ барои кормандони милитсия ва аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятии назди мақомоти корҳои дохилӣ дар мавзӯи:«Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» баргузор гардид.
Дар баргузории семинари омӯзишӣ кормандони милитсия аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва ШВКД-и шаҳри Душанбе, ШВКД-ҳои ноҳияҳои тобеъи марказ, роҳбарон ва намояндагони Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ислоҳоти милитсия ва дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин омӯзгорони Академияи ВКД иштирок ва суханронӣ намуданд.

962963964

Имрӯз баҳри баланд бардоштани малакаи касбии кормандони милитсия, эътимоди аҳолӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, наздик намудани фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ, тақвият додани мақоми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма, расонидани ёрии машваратӣ, методӣ ва дигар намуди дастгириҳо ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ аз вазифаҳои муҳимтарини шӯроҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки онҳо аз иҷрои ин уҳдадориҳои худ сарбаландона баромада истодаанд.
Дар кори семинари омӯзишӣ баромадкунандагон дар мавзӯъҳои мафҳум, моҳият ва принсипҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа, шакл ва усулҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳисоботдиҳии милитсия дар назди ҷомеа, самтҳои асосии ҳамкории милитсия бо ҷомеа оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар мавзӯъҳои мубраме, ки ба самти фаъолияти онҳо равона гардидааст баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

965

Итминон дорем иштирокдорони семинари омӯзишӣ баҳри пешрафти самти фаъолият, амалишавии барномаи ислоҳоти милитсия, тақвият ёфтани ҳамкориҳои шаҳрвандон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар минбаъда боз ҳам густариш хоҳанд дод.

Раҷаббек Илёсов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика