Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омода кардани кадрҳои болаёқат

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таълим ва тарбияи насли наврас нақши калидӣ дошта, мутахассисони махсусро барои ХДО ва дигар сохторҳои қудратӣ омода мекунад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки Тоҷикистони азизамон дар муддати 29 соли истиқлолияташ ба натиҷаву дастовардҳои бузурге ноил гардид, ки садсолаҳо орзуву ормони мардуми сарбаланди тоҷик маҳсуб мегардид. Имрӯз қарзи фарзандии мост, ки ба ҳар қиммате набошад, ин дастовардҳои бузургро ҳифз намуда, насли имрӯзу ояндаро дар рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ тарбия намоем. 

Бояд қайд намуд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба вилояти Хатлон моҳи июли соли 2017 дар ҷамоати Корези ноҳияи Данғара ба бунёди Муассисаи давлатии таълимӣ «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» санги асос гузошта буд. Бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 таҳти №98 «Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара” барои такмил додани соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор, мустаҳкам намудани дастгоҳи кадрии Хадамоти давлатии оташнишонӣ, таъмин намудани омӯзгорон, шунавандагони Коллеҷ ба утоқҳои корӣ, синфхона, ҷойи хоб, майдони сафороӣ, манораи таълимӣ ва ошхона чорабиниҳои мақсаднокро пешбинӣ намуда, давра ба давра амалӣ шуда истодаанд. Айни ҳол муассиса дар шаҳри Душанбе муваққатан то бунёд гаштани бинои асосиаш дар ноҳияи Данғара фаъолият дошта, тули се сол мешавад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. Аввалин роҳбарӣ ин муассисаи таълимӣ полковники хизмати дохилӣ Сафаров Насрулло Амиралиевич буд, ки дар таъсисёбии Коллеҷ бо ҳайати 12 нафар зердаст кору фаъолит мекарданд. Бинобар ба нафақа рафтани Сафаров Н.А., бо фармони Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 5-уми июли соли равон роҳбарии ин муассисаи таълимиро ба номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Ҳайдарзода Шомурод Ҳайдар, ки пештар дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори факултети №5 буд, таъин гардид. Айни замон ин марди пуртаҷриба дар як муддати кӯтоҳ ин муассисаи таълимиро ба пешравиҳо ноил гардонид, ки ин иқдом обрӯи кормандони ин даргоҳ мебошад.
Дар Коллеҷи оташнишонӣ 5 кафедра; кафедраи фанҳои «Бехатари аз сӯхтор», кафедраи фанҳои «Дақиқ ва забонҳо», кафедраи фанҳои «Муҳандиси техникӣ», кафедраи фанҳои «Тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ» ва кафедраи фанҳои «Ҷамъиятӣ, гуманитарии тарбиявӣ - сиёсӣ» фаъолият мекунанд. Ҳамаи ин кафедраҳо бо омӯзгорони бо таҷриба таъмин буда ба курсантон таълим меомӯзонанд ба ғайр аз ин дар ҳама корҳои ҷамъиятии Коллеҷ фаъолона иштирок мекунанад. Бо шарофати ин роҳбар пешравиҳо дар самти таълим ба назар мерасанд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ояндаи наздик ин Коллеҷ ба як муассисаи бонуфузи кишвар табдил хоҳад ёфт.
Ҳар кӣ бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад,
Номи худро сархати девони миллат мекунад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли ҳамватанон ва ҳамкасбони азизро ба ҷашни 92-солагии таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ самимона муборакбод мегӯям. Бигузор оташи гарми муҳаббати мо созанда бошад, на сӯзанда. Ид муборак ҳамкасбон!

Оташнишон, оташнишон,
Оташнишони, меҳрубон.
Аз хизмати шоёни ту,
Бошад Ватан андар амон.
Дар хизмати халқу Ватан,
Дар маҳфилу дар анҷуман.
Созанд васфи кори ту,
Халқи Ватан ҳар марду зан.
Оташнишон, оташнишон,
Горди Ватан гурди замон.
Ҳушёру бедору далер,
Дар ҳар замон дар ҳар макон.
Созам сифоти кори тӯ,
Бошам ҳамеша ёри ту.
Бар мо писанд ин гиру дор,
Гуфтори ту рафтори ту.
Оташнишон, оташнишон,
Эй кураи оҳангарон.
Хоҳам ман аз парвардигор,
Бошӣ Салим, бошӣ Амон.
Шаҳноза васфат мекунад,
Дар маҳфилу дар анҷуман.
Дорам ман аз ту ифтихор,
Сарбози шуҷоъи Ватан.

Фозилова Шаҳноза, корманди Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД

Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони хизмати дохилӣ.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика