Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаҳои нақлиётии марговар дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Кӯшониён

Санаи 5-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Нуриддинов Шуҳрат Кулобиевич, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Кулоб-Хоруғ», дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Тайота-Карола», таҳти идораи Муродов Иброҳим Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Фархор, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Нуриддинов Ш.К. ва мусофираш Қурбонов Абдувалӣ Файзалиевич, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Инчунин, мусофирони автомашинаи «Тайота-Карола», Қамишов Нуриддин Сарҳадович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва Эмомқулов Алиҷон Сафармадович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Кулоб ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамин тариқ, 5-уми августи соли 2020, тахминан соати 13:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Исоев Абдуалим Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Нурова Раъногул Миралиевна, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Нурова Р.М. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика