Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваҳдат – омили таҳкими ҷомеа

955Ҳар миллат дар таърихи худ рӯйдодҳо ва санаҳои муҳиме дорад ва аз онҳо дарсҳое барои ояндаи худ мегирад.

Бо ташаббус ва ҳидояти Сарвари давлати Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 23 сол муқаддам 27 – уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки кафили пойдории сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон гардид.
Бо пош хӯрдани давлати бузурги Шӯравӣ халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақил гардида, мақому манзалати махсус пайдо намуд, ки барои Тоҷикистон рӯйдоди фараҳбахш буд. Тоҷикистон, ки ба сӯи ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад, маҳз сулҳ омили асосии якдиливу якмаромии миллат гардид.
Соҳиб шудан ба истиқлолият барои ҳар миллату кишвар кори осон нест, вале ҳифз ва таҳкими он мушкилтар аз он аст. Ваҳдат, пеш аз ҳама, ба инсонҳо умед мебахшад ва онҳоро ба оянда дилгарм месозад, ки ин заминасозӣ талоши ҳамагонӣ баҳри ободии диёр ва фардои беҳтар аст. Дар рӯзҳои сахту душвори соли 1992 баргузории Иҷлосияи тақдирсозии ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 16-уми ноябр ва рӯи кор омадани Ҳукумати нав бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон умеду орзуи мардум ва ҷомеаи ҷаҳониро ба фардои нек, ба сулҳу ваҳдат ва созандагиҳо дар кишвари мо бедор намуд.
Таърих гувоҳ аст, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ, зиддиятҳои маҳалгароӣ, таъсири терроризм ва экстримизми беруна боиси парокандашавии халқиятҳо, инчунин давлатҳо ва аз байн рафтани миллату нобудшавии қавмҳо гардидааст. Халқи шарафманди тоҷикро борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид кард, вале дар тӯли беш аз ҳазорон сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолият ва ягонагии миллию давлатӣ расид. Албатта, омӯхтани саҳифаҳои таърих, пастию баландиҳо, қаҳрамонию нокомиҳои гузаштагони халқи тоҷик барои ташаккули шахсияти ҳар як ҷавони имрӯза ва дар рӯҳияи ватанпарастӣ пос доштани ваҳдати миллӣ аҳмияти махсус дорад.
Миллати мо ба муқобили душман чун сипар фарҳанги сулҳи худро пеш гузошт, ба онҳо ваҳдат, ҳамзистӣ ва ҳамкориро пешниҳод кард. Худ, ки сулҳпарвар, маърифатноку маорифпарвар буд, ба аҷнабиён бартарии илму маърифатро исбот намуд, ки онҳоро низ ба ҳамин роҳ ҳидоят кард.
Таърих гувоҳ аст, ки халқи шарафманди тоҷик ҳеҷ гоҳ ба зидди дигар халқиятҳо ва ҳамсоягони худ теғ накашидааст ва ба ягон миллат зулму ситамро раво надидааст. Тоҷикон сулҳу ваҳдатро парварида, ҳамеша зиндагии осоиштаро пешаи худ кардаанд.
Натиҷаи пурсамару шаҳдбори ваҳдату истиқлолияти миллӣ чунинанд:
- Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон чун давлати соҳибистиқлол акс гардид;
- дар миқёси ҷаҳон давлати нав бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад;
- минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян менамояд;
- Конститутсияи худро қабул намуда, онро баҳри осоиши мардум ҳифзу истифода мекунад ва ғайра.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо талоши зиёди фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба ҳаёти осоишта баргашт. Тоҷикистон фирориёнро ба ватан баргардонид ва Тоҷикистонро ба ошёни сулҳу ваҳдат табдил дод.
Имрӯз ҳамдилӣ ва муттаҳидии тоҷикон дар мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам қарор гирифтааст. Ин дастовардҳо тоҷиконро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ карда тавонист, ки на танҳо мактаби душвори сиёсӣ буд, балки ноил гардидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчун давлати ҷавонон соҳибтаҷриба буданро ба ҷаҳон нишон дод. Ин ҳама заҳматҳои Сарвари давлат буд, ки обрӯ ва эътибори кишварамонро дар арсаи байналхалқӣ боло бурд.
Албатта, ваҳдат дастоварди бузурги миллати тоҷик аст, ки дар саҳифаҳои зерини таърих дарҷ гардида, ба наслҳои оянда мероси бою маънавӣ мегузорад. Бо мақсади мустаҳкамии пойдевори дастоварди таърихӣ 18-уми июли соли 1997 Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис дода шуд. Сарвари кишварамон раиси он интихоб гардида, баҳри мустаҳкам намудани асосҳои ваҳдати миллӣ хизмати босамар намуд.
Имрӯз ба файзи ваҳдат ва дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат ҷумҳурии мо хеле ободу зебо гаштаву маъруфият пайдо кардааст. Бунёди роҳҳои ҷавобгӯ ва стандартҳои байналхалқӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, биноҳои боҳашамати гуногун, ривоҷи муносибатҳои иқтисодӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон ҳама аз файзи ваҳдат ва истиқлолият аст. Бунёди роҳҳо як такони ҷиддиро дар тамоми соҳаҳои мамлакат ба амал овард, чунки роҳҳо пайвасткунандаи муносибатҳои содиротӣ ва воридотиро дар байни мардуми дохилӣ ва хориҷӣ ба роҳ монд.
Бояд қайд кард, ки баҳри беҳдошти зиндагии аҳолӣ аз давраҳои аввали истиқлолият барои мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ зери назорати ҷиддии роҳбарияти давлат қарор гирифт.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда, орзуву армон, сармояи инсонӣ, худшиносии миллӣ, наҷоти миллат, нумӯи даврон аст, ки он бо пойдевори мустаҳками якдилӣ ва якдигарфаҳмӣ бунёд мешавад. Тоҷикистон муносибатҳои дӯстонаро на танҳо дар дохили кишвар, балки бо роҳи таҳкими густариши муносибаҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳамаи давлатҳои ҳамҷавор бо истифода аз василаи сиёсию дипломатӣ тақвият медиҳад.
Ҳамин тавр, дарахти сулҳу ваҳдати тоҷикон 23-сола шуд ва ҳамчунон ба нашъунамои худ идома медиҳад. Аммо бояд бидонем, ки ин дарахт ниёзи ҳамешагӣ ба обёрӣ ва нигоҳубин дорад. Обёрӣ аз чашмаи ҷон ва қалбҳои пур аз муҳаббати ҳар яки мо ва ба мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он.
М.Ғайбуллоева, н.и.т., муаллимаи калони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика