Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва илмӣ дар шаҳри Кӯлоб

938

Ҳафтаи сипаригардида бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои варзишӣ ва илмӣ дар шаҳри мазкур баргузор карда шуд, ки дар ҷараёни баргузории чорабиниҳо аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони фаъол аксияи тақсими яхмос, ширинӣ ва ниқобҳои тиббии бисёркарата гузаронида шуд.
Дар рафти баргузории аксия 1500 адад ширинӣ, 1000 адад яхмос ва 2500 адад ниқоб дар маконҳои серодами шаҳри Кӯлоб тақсим карда шуд.
Инчунин дар чорабиниҳои дигари бошукӯҳе, ки аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, бо дастгирии сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб полковники милитсия Нозимзода Файзулло аксияи мазкур идома ёфт.
Ҳамзамон бо олимону шоирони шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ баргузор гардида, ба онҳо аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Хамро туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

939940941

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб кандани зиёда аз 20 адад чоҳҳои амудӣ дар назар аст.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика