Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ошкор намудани ин намуди ҷиноят яке аз самтҳои муҳими кори кормандони мақомоти милитсия ба ҳисоб меравад.
Зимни доир намудани амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Носири Хусрав, қасди интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор ба таври қочоқ, бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ғайриқонунӣ соҳиб шудан ва бо худ гирифтани лавозимоти ҷангӣ ва ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешгирӣ карда шуд.
Ду нафар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолиддин Валади Ёрмурод, соли таваллудаш 1972 ва Қалдов Аҳмад Чорӣ, соли таваллудаш 1990, сокинони вилояти Қундуз, шаби 23-юми июли соли 2020 дар мавзеи қаторкӯҳҳои «Туюнтов», ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав дар ҳолати ғайриқонунӣ убур намудани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шуданд.
Дар натиҷаи азназаргузаронӣ аз онҳо 1-адад халтаи полиэтиленӣ дарёфт карда шуд, ки ҳангоми кушодани он дар дохилаш миқдори зиёди маводи нашъадор мавҷуд буд, ҳуҷҷатгузорӣ карда гирифта шуд.
Мувофики маълумотномаи шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД дар вилояти Хатлон маводҳои аз шаҳрвандони Афғонистон мусодирашуда, 14 килограмму 250 грамм маводи нашъадори навъи «афюн» ва 140 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш», мебошанд.
Инчунин 1-адад автомати Калашников, 5-адад тирдон бо 141-адад тир дарёфт ва мусодира гардид.
Зимни пурсиши дастгиршудагон муайян карда шуд, ки онҳо мехостанд воситаи нашъадорро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароранд.
Дар шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 200 қисми 4, 289 қисми 3, 335 қисми 2 ва 195 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>