Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

СУХТОР ДАР КВД «БОЗОРИ ДЕҲҚОН»

22-юми июли соли 2020, соати 00:29-дақиқа, дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Деҳқон», ки дар суроғаи шаҳри Душанбе ноҳияи Сино, кӯчаи Борбад-15 ҷойгир шудааст, дар масоҳати 134 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа 16 нуқтаҳои савдоро пурра ва 8 нуқтаҳои савдоро қисман фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳн гардидани алангаи оташ ба дигар биноҳои дар шафати бозори «Деҳқон» бударо ба миён оварда буд.

Дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-оташнишонӣ, аз ҷониби кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он ҳодисаи сӯхтор дар соати 01:14-дақиқа иҳота карда шуда, дар соати 01:27-дақиқа бо пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Зарари расонидашуда аз ҳодисаи сӯхтор тақрибан 35000 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор ба маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ молу амволи фурӯш ва биноҳои ҳамшафат аз коми оташ наҷот дода шуд.
Сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодабарии яхдон дар нуқтаи савдои №42, ки ба соҳибкори инфиродӣ Идиев Дилшод Ҳақдодович, сокини шаҳри Душанбе, мансуббуда мебошад.
Таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun1006

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика