Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аксия бо номгуи “Ҳимоя аз бемории Ковид- 19”

616

Аксия бо номгуи “Ҳимоя аз бемории Ковид- 19” дар ноҳияи Рушони ВМКБ. 

Бемории сироятии Коронавирус ё худ Covid-19 мушкилотест, ки ҳамчун вабои аср аҳли ҷомеаро ба ташвиш андохта, бар асари он шумораи зиёди одамон дар кишварҳои дуру наздик ба ҳалокат расида, ин бемори дар тамоми дунё доман паҳн намуда истодааст.
Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мақсаднок ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷу паҳншавии бемориҳои сироятӣ алалхусус бемории Covid-19 дар кишвар роҳандозӣ гардида истодаанд.

Дар ҳамин замина бо супориши рохбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо мақсади пешгирӣ ва хатари паҳншавии бемории Каронавирус, Covid-19 ҳамаруза чорабиниҳои мақсаднок, корхои фаҳмондадиҳии пешгирикунанда дар шаҳру нохияҳи ВМКБ роҳандозӣ шуда истодаанд. Дар баробари ин бо супориши роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод ва ташаббуси роҳбарият ва кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рушон баҳри дар амал иҷро намудани дастуру ҳидоятхои Рохбари давлат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои пешгирии ин беморӣ аксия бо номгуи “Ҳимоя аз бемории Ковид- 19”, дар маркази ноҳияи Рушони ВМКБ ташкил гардид. Аз ҷониби Сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар нохияи Рушон полковники милитсия Зикриёзода Ҷурахон барои гузаронидани аксияи мазкур ба ҳайати шахсӣ тавсияҳои муфид дода шуда, нахуст чорабинии мазкур дар маркази ноҳия шуруъ гардид. Чунин чорабиниҳои мақсаднок ва омодагии Ҳукумати ҶТ ва РВКД дар ВМКБ ба он равона гардидааст, ки пеши роҳи паҳншавии Ковид- 19 гирифта шуда, риояи ҳатмии гигигенаи шахсӣ пурра ба роҳ монда шавад.

617618

Дар аксия зиёда аз 1 ҳазору 500 адад ниқобҳо, 700 адад маҳлулҳои антисептикӣ ва зиёда аз 250 адад дастпушакҳои яккарата ройгон ба бошандагон дода шуд. Бояд кайд намуд, ки чорабинӣ барои пешгирии Ковид-19 бо номгуи “Ҳимоя аз бемории Ковид- 19”, инчунин дар деҳаҳои Деҳрушон, Баҳрушон, Дерзуд ва деҳаи Барзуди ноҳияи Рушон низ роҳандозӣ шуда, дар байни бошандагони ноҳия корхои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд ва бо истифода аз автомашинаи Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар нохияи Рушон дар маркази ноҳия ва дигар маҳаллаҳо корҳои ташвиқотию тарғиботи рохандозӣ карда шуданд. 

майори милитсия Д. Чоршанбе




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика